Arzon march 2024
Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ...
20.05.2022
ОИЛА
1038
no-img


Имрӯз рӯзи поси хотири яке аз чеҳраҳои мондагори миллати тоҷик, шоири нотакрор ва ширинбаён Лоиқ Шералӣ мебошад. Лоиқ имрӯз ба синни мубораки 81-солагӣ мерасид, агар сайёди аҷал ба қалби ин шоири маҳбуб тири заҳрогин намезад...

Номи лоиқ Шералӣ дар сар то сари Тоҷикистон барои хурду калон ошно ва азиз аст, зеро ин шоираи нотакрори миллати тоҷик бо ҳар як мисраъ шеъри ошиқонаву орифонааш муҳаббати худро дар дили ҳаводорони каломи мавзун ҷо кардааст.

Дар китобҳои муқаддас омадааст, ки дар дунё се чиз аз ҳама қимат буда, ҷовидонӣ мемонанд: боварӣ, эътиқод ва муҳаббат, аммо аз ин миён муҳаббат, яъне ҳамон ишқе, ки мо мегӯем ва умре дар орзуву ҷустуҷӯяш ҳастем, қимати бештар дорад. Албатта шоирон тӯли садсолаҳо дар васфи ишқ шеър гуфтаанду минбаъд низ хоҳанд гуфт, аммо дар эҷодиёти Лоиқ ишқ ба гунаи дигар, ба шеваи дигар ва бо обу ранги дигар ҷилва мекунад.

Шеъри Лоиқ, ғазали Лоиқ саршор аз ишқи тоҷикона аст. Ишқи пок ва содаву самимие, ки назираш дар дунё хеле кам аст.

Як рӯзи тирамоҳ,
Як дил кашидам оҳ,
Аз деҳ Хумор рафт,
Дар дил хумор монд...

Бубинед, ишқи аввалро шоир чи гуна самимӣ ва таъсирбахш тасвир кардааст.
Содагӯйӣ яке аз нишонаҳои булуғи ҳунар, аз ҷумла ҳунари шоириву суханварист. Лоиқ Шералӣ ба қуллаи ҳунари шоирӣ расида, аз назари аввал хеле сода шеър мегуфт, аммо ишқро чунон устокорона тасвир мекард, ки ҳар як хонанда дар симои қаҳрамони шеъри Лоиқ ишқи худро, эҳсосоти дили худро , дарду алами ҳиҷрони худро дармеёфт.

Маҳз ҳамин самимияти шеъраш Лоиқро азизи дили мардумон ва маҳбуби хурду калон гардонида буд. Ёд дорам, давраҳое, ки мо донишҷӯ будем, китобҳои Лоиқ Шералӣ, махсусан “Нушбод», «Соҳилҳо», «Ташнадил», «Хоки Ватан», «Марди роҳ», «Варақи санг» даст ба даст мегаштанд ва баъзан дар китобхона барои китоби Лоиқ байни донишҷӯён баҳсу даъво низ мешуд, аммо...
Касеро дар ин дунё аз чанголи гирои аҷал раҳоӣ нест ва марги бераҳм ин нбиғаро низ аз байни мо рабуда, дар дили ошиқони шеъраш захми носуре гузошт, ки ҳаргиз даво нахоҳад ёфт. Ҳамакнун худро танҳо бо ин мисраъҳои Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ тасалло медиҳем:


Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо.
Ёди ин вассофи ишқи безавол ба хайр ва ҷояш ҷаннати ҷовидон бод!
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД