Шоми имрӯз дар чанд масири пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Тибқи иттилоъ, аз соати 20:00 то 22:00 ҳаракати нақлиёт аз самти вилояти Хатлон тавассути кӯчаҳои Н. Қарабоев, Соҳилӣ, С. Шерозӣ ва хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ ва И. Сомонӣ маҳдуд мешавад. Ҳамчунин, аз соати 19:00 то 22:00 ҳаракат тавассути хиёбони И. Сомонӣ маҳдуд хоҳад буд.
Аз ронандагон хоҳиш шудааст, ки масири ҳаракати худро пешакӣ тағйир дода, аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.