Бо мақсади анҷом додани корҳои сохтмонӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз гардиши кӯчаи С. Айнӣ ба самти кӯчаи А. Дониш то кӯчаи М. Мастонгулов (фурудгоҳ) муваққатан маҳдуд мегардад.
Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки аз роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.