Sebiston new 2024 october
Арабистони Саудӣ ҳоҷиёнро ҳушдор дод
458



Ба зиёрати “Хонаи Каъба” рафтан орзуи ҳар як фарди мусалмон аст.

Аз ҳамин хотир аксари одамон кӯшиш мекунанд, ки бо кадом роҳу воситае набошад, ба Маккаю Мадина сафар намуда, хонаи худоро зиёрат кунанд, вале акнун барои бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба зиёрати Каъба рафтан хоҷиёнро дар Арабистон зиндон карда метавонанд.

Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ шаҳрвандони хориҷиро ҳушдор додааст, ки барои бе иҷозатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои лозима ба зиёрати Каъба рафтан ва ба таври ғайриқонунӣ дар маросими ҳаҷҷи соли 2024 иштирок намудан ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Шахсоне, ки бидуни иҷозатнома ба зиёрати ҳаҷ мераванд, ба мӯҳлати аз 2 то 6 моҳ аз озодӣ маҳрум ва ё ба маблағи 50 ҳазор риол ҷарима карда мешаванд. (Маблағи мазкур қариб 14 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.) Ҳоҷиёни қонуншиканро метавонанд ҳамчунин аз қаламрави кишвар ихроҷ намуда, вурудашонро ба сарзамини араб ба мӯҳлати 10 сол манъ намоянд. Барои расонидани кӯмаки ғайриқонунӣ ҳоҷиёнро то 7 сол зиндон ё ба маблағи 5 миллион реол ҷаримабандӣ карда метавонанд.

Имсол Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон ҳафт ҳазор квота ҷудо кардааст. Соли гузашта нархи ҳаҷ 59 ҳазор сомонӣ буд, вале хароҷоти ҳаҷ ҳамасола боло меравад ва маълум нест, ки имсол барои зиёрати “Хонаи Каъба” ҳоҷиёни тоҷик чи қадар маблағ месупоранд. Маросими ҳаҷи фарзӣ имсол аз 14- июн оғоз хоҳад ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД