Намояндагии Хазинаи рушди SFD бо сарварии Муҳаммад ал-Масъуд бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Ҳадафи сафар муҳокима намудани масъалаи пешниҳоди қарзи имтиёзнок барои сохтмони роҳ дар шаҳри Кӯлоб мебошад.
Дар ин бора Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабар додааст. Гуфта мешавад, ки барои сохтмони ҳалқароҳ дар шаҳри Кӯлоб Хазинаи рушди SFD дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо кардааст.
Дарозии роҳи мазкур 14,5 км буда, амалӣ гаштани ин лоиҳа ба беҳтар гаштани инфраструктураи нақлиётӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати мошинҳо ва мусофирон мусоидат менамояд. Дар доираи лоиҳаи мазкур дар баробари роҳ ҳамчунин 2 пул ва тарозу барои кашидани вазни мошинҳои калони боркаш ва дигар намудҳои нақлиёт, ки аз ин роҳ мегузаранд, насб карда мешавад.