Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба 4 минтақаи Тоҷикистон марказҳои сайёри замонавии тиббӣ тақдим мекунад. Аввалин марказҳои сайёри тиббӣ ба шаҳри Кӯлоб фиристода шуданд.
Дар маросими тақдими мошинҳои саёри тиббӣ дар шаҳри Кӯлоб Матлубахон Сатториён , муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозод, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Абдулраҳмон Ал-Решайдон, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб ва намояндагони Барномаи хайриявии Шоҳ Абдулло ибн Абдулазиз иштирок доштанд.
Дастгоҳҳои бахшҳои клиникаи сайёри тиббӣ иборат аз 5 дармонгоҳи махсуси тиббӣ, ядакҳои (прицеп) ёрирасон ва мошини ёрии таъҷилӣ буда, дар он ҳуҷраҳои муоинаи бемориҳои чашм, дил, акушерӣ, ташхисҳои фаросавтӣ, томографияи компютерӣ, ташхиси нурии ғадуди ширӣ, озмоишгоҳ, рентгени рақамӣ, барои даруннигарӣ — индоскопияи хурд, ҳуҷраи баъди ҷарроҳӣ, ҷойи кории табибон, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир мебошанд.
Тибқи барномаи “Фоили Хайр”-и Барномаи хайриявии шоҳ Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд чаҳор минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо панҷ клиникаи сайёр таъмин гардида, ин барнома дар давоми панҷ сол амалӣ карда мешавад.
Барномаи мазкур дар зиёда аз 15 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Покистон, Индонезия, Нигер, Бангладеш, Афғонистон, Сомалӣ, кишварҳои Африқои Ғарбӣ, Судон ва дигар давлатҳо амалӣ карда мешавад.
Ҳанӯз 27-октябри соли 2014 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба татбиқи маблағгузории бебозгашт барои харидорӣ ва истифодаи клиникаҳои сайёр дар минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома ба имзо расида буд ва ин кӯмак аз ҷониби Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ тавассути Бонки исломии рушд тақдим гардидааст.