“Беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ барои модар, навзод ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон” ба чанд бахши тандурустӣ равона шуда, аз амалишавии он 300 ҳазор нафар- 62,238 зани синни бордорӣ, 10,118 зани ҳомиладор, 9,903 навзод ва 45,264 кӯдаки то панҷсола дар вилояти Хатлон аз хизматрасониҳои тиббӣ баҳравар мегарданд.
Тавре дафтари матбуотии Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабар дод, як ҳайати Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии барномаи “Беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ барои модар, навзод ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон” дидан намудааст.
Тибқи ин барнома дар чор ноҳия чор беморхонаи марказӣ бозсозӣ ва таъмир шуда, бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ таъмин карда шуданд, ҳамзамон 87 муассисаи тиббии аввалия ва 42 маркази беҳдоштӣ дар шаҳру деҳот бо таҷҳизоти асосӣ таъмин мегарданд. Дар доираи ин барнома ҳамзамон 9 мошини ёрии таъҷилии пурра муҷаҳҳазгардида барои хизматрасонӣ пешниҳод мешавад, дар баробари ин, баномаҳои сатҳи саломатии занҳои ҳомила, кӯдакон ва беҳтар гаштани ғизои кӯдакон дар деҳот роҳандозӣ мегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки ин лоиҳа аз ҷониби Фонди ҳаёт ва воситаҳои зиндагии тобеи Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ карда шудааст.