Formula novemver 2024
Ҳақораткунон ба зиндон рафт
932

Хурсанд Перузов, сокини деҳаи Барчид буда, аз ҷониби суди ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои майдаавбошӣ ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

Перузов бар асоси шикояти ҳамсараш ба маҳкама кашида шудааст. Перузов Хурсанд Мавлобахшович, соли таваллудаш 1977, оиладор ва соҳиби 2 фарзанд буда, рӯзи 27-уми марти соли равон, дар ҳолати мастӣ ба хонааш омада, бе ягон сабаб бо ҳамсараш ҷангу ҷанҷол намуда, занро бо овози баланд дашному ҳақоратҳои қабеҳ додааст.

Перузов Х.М. аз тарафи кормандони Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Шуғнон дастгир шуда, нисбаташ бо моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби суди ноҳияи Шуғнон барои майдаавбошӣ ба ин марди дағал ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонаруз таъин карда шудааст, вале сабаби ҷангу ҷанҷоли зану шавҳар маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД