Дар шумораи №11 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома дар мавриди дубора ба саҳна баргаштани сарояндаи зебову хушсадо Кибриё Раҷабова пурсон шудааст. Овозаи дигар оиди паҳн шудани хабари аз шавҳараш ҷудо шудани сароянда Саидаи Сироҷиддин мебошад.
“Марги ҷоҳил” сарнавишти марди ҷоҳили худшефтае аст, ки ҳамаро бахилу нотавонбин шуморида, дар зиндагӣ хеле занозор буд ва фарҷоми умраш низ бад анҷом ёфт.
“Фарзандон модарро бомж карданд” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки аз рӯзгори модари зору ҳайрони аз бемеҳриву сангдилии фарзандон ба дод омада.
Қиссаи “Талоқ барои тавлиди тифли маъюб” аз рӯзгори зане навишта шудааст, ки барои таваллуд кардани фарзанди маъюб аз хонаи шавҳар ронда шудаасту дар чорроҳаи қисмат зору ҳайрон мондааст.
Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро пойҳо арақ мекунанд?” сабабҳои пайдоиши бӯйи бад ва арақи пой, роҳҳои табобати он дарҷ гардидааст.
Дар рубрикаи “Чеҳра” таҳти унвони “Ортиқи Қодир чаро тарки саҳна кард?” мавод оиди кору фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир дарҷ гардидааст.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!