Дар шумораи №10 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома дар мавриди он ки футболбози машҳури дунё –Криштиан Роналду Абдурозиқро ба фарзандӣ қабул кардааст, пурсон шудааст. Овозаи дигар оиди паҳн шудани хабари марги ҳунарманди турк Орҳан Бийикли, иҷрокунандаи нақши Йигит аз филми “Ҳомиён” ва ҳақиқати он пешкаши мухлисони филмҳои туркӣ гаштааст.
“Раҳми мор” қисса аз рӯзгори оилаест, ки баъд аз нобуд сохтани морбачаҳои ҳавлияшон мавриди қассоси ин хазандагони хатарнок қарор мегиранд.
“Ғуруби ситора” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки инъикоскунандаи ҳаёти пурҷӯшу хуруши сарояндагони дар авҷи шуҳрат қарордошта мебошад.
Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Зуком барои кӯдак чӣ хатар дорад?” сабабҳои пайдоиши зукоми атфол ва роҳҳои табобати он пешкаши модарон мегардад.
Дар рубрикаи “Чеҳра” таҳти унвони “Фидоии санъат” мавод оиди кору фаъолияти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сабзагул Қурбонова, актрисаи воқеан маҳбуби тоҷик дарҷ гардидааст.
Дар рубрикаи “Сарнавишт” қиссаи навбатии “Чаро Манижа хонаи хушдоманро оташ зад?” дарҷ гардидааст. Дар он аз зиндагиву рӯзгори ҷавонмарди нохалафе қисса карда мешавад, ки дар як шаби тақдирсоз феълу рафтори худро тағйир медиҳад.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!