arzon replenishment
АНОНСИ ШУМОРАИ НАВИ ҲАФТАНОМАИ "ОИЛА"
23.02.2022
Оила
1258

Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 

Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз хонандагони доимии мо оиди паҳн шудани овоза дар бораи муносибатҳои шахсии сароянда Шаҳриёр Давлатов бо писараш Яҳёҷон ва овозаи дигар оиди сафари Ҳаҷ кардани ҳаҷвнигори шинохта Дӯстмурод Шарипов аст.

Шавҳари “мамароза” қисса аз рӯзгори занест, ки шавҳараш барои ба даст овардани сарвату дороӣ ӯро ба оғӯши мардаи аҷнабӣ партофтан мехоҳад.

Дар очерки судии “Мавлудаи духтарфурӯш” қиссаи як зани маккор рӯйи коғаз оварда шудааст, ки бо макру фиреб духтарони содаву зудбоварро ба дом афканда, ба Дубай бурда, ба фоҳишагӣ мефурӯхт.

“Қотили тифлони бегуноҳро Худо зад”- чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки инъикоскунандаи бераҳмиву сангдилии як мард нисбати зану фарзандаш мебошад.

“Парҳез занро кал мекунад –чунин унвон дорад маводи махсус барои бонувоне, ки нисбати саломативу ҳусни худ бетафовут нестанд.

“Алангае, ки абадӣ хомӯш шуд!”

Маводи мазкур оиди зиндагӣ, кору фаъолият ва марги нобаҳангоми ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шодравон Аловуддин Абдуллоев омода гардидааст.

 

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД