Formula novemver 2024
АНОНСИ ШУМОРАИ НАВИ ҲАФТАНОМАИ "ОИЛА"
16.02.2022
Оила
879

Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 

Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз хонандагони доимии мо оиди паҳн шудани овозаи ҳомиладор будани Фарзонаи Хуршед ва хонандаи дигарамон дар мавриди фаъолияти ҳунарии ҳунарманди тоҷик Абдурозиқ пурсон шудааст.

“Шавҳарамро дар оғӯши зани бегона дидаму...” нақл аз рӯзгори занест, ки бо ду фарзанди зиндаятим дар гирдоби зиндагӣ раҳгум задааст ва аз шахсони хуйрхоҳ кумак мепурсад.

Дар қиссаи “Касофати зино” аз хиёнати марде гуфта мешавад, ки бо дасти худ оилаи ободашро вайрон ва тифлашро нобуд месозад.

“Зани 40-солаи тоҷиқ ошиқи Самӣ Юсуф шуд”- чунин унвон дорад достони ишқ ва сарнавишти як зани тоҷик, ки гуфтаҳояш ба ривоят ва достонҳои қадимаи динӣ шабоҳат доранд.

“Ишқи нави Зулайхо”

Маводи мазкур оиди зиндагии шахсӣ ва муносибатҳои ошиқонаи ҳунарманди асосии сериали машҳури туркӣ бо номи “Рӯзгороне дар Чукурово” пешкаши ҳаводорони силсилафилмҳои туркӣ мегардад.

 

8 роҳи осони солим ва ҷавон мондани зан” –чунин унвон дорад маводи махсус барои бонувоне, ки нисбати саломативу ҳусни худ бетафовут нестанд.

Қиссаи “Ишқи нобаробар” дарди дили мардест, ки ба зани аз худаш калонсол ошиқ мешавад, вале ҳатто бо пулу мол ҳам дили бонуи дӯстдоштаашро ба даст оварда наметавонад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД