Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” дар мавриди паҳн шудани овозаи ба падараш мошин туҳфа кардани бонуи ҳунар, ҳунарманди шинохта Ситораи Кароматулло посух пайдо карда метавонед.
Дар қиссаи “Шавҳаркуш” аз сарнавишти марде гуфта мешавад, ки хиёнати завҷаи худро таҳаммул накарда, даст ба худкушӣ мезанад.
“Ишқи гадодухтар” қиссаи ишқи ду нафаре аст, ки бо вуҷуди монеаҳои зиёд ба висоли ҳамдигар расида, оилаи хушбахтеро бунёд месозанд.
“Чаро Умедҷони 20-сола чорпоя роҳ мегардад”- чунин унвон дорад маводи навбатӣ дар бораи зиндагии пурдарду душвори як ҷавонмард, ки мисли кабки қафас як умр миёни чор девори хона гӯиё асир аст.
“Зиндагӣ боқист, ёрон мераванд...”
Маводи мазкур оиди зиндагиву фаъолияти яке аз маъруфтарин сарояндаҳои тоҷик Дамирбек Олимов, ки ҳафтаи равон дар садамаи нақлиётӣ ҷавонмарг гардид, омода гардидааст.
“Қанду шир занро пир мекунанд? –чунин унвон дорад маводи махсус барои бонувоне, ки нисбати саломативу ҳусни худ бетафовут нестанд.
Дар маводи “Арӯси бе домод” шумо бори дигар муътақид мегардед, ки баъзе духтарон ба хотири пулу мол рӯйи ишқи пок по гузошта метавонанд.
Дар саҳифаи “Дарду дармон” дар мавриди мушкилоти кафидани пӯсти пой ва нишонаҳои касалии қанд маълумоти муфассал ба даст оварда метавонед.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!