Sebiston new 2024 october
АНОНСИ ШУМОРАИ НАВИ ҲАФТАНОМАИ "ОИЛА"
03.02.2022
ОИЛА
800

Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” ба ду овозаи паҳншуда, ки аз ҷониби мухлисони ҳунар ба мо ирсол гардид, аз забони худи ҳунармандон посух дарҷ гардидааст. Овозаи аввал дар мавриди паҳн шудани хабари марги ҳаҷвнигори шинохта Ҳасани Чилла ва овозаи дуюм оиди зиндагии шахсии бонуи ҳунарманд Гулбибӣ Абдулхайрова...
Дар қиссаи “Куштаи хиёнат” аз сарнавишти марде гуфта мешавад, ки се маротиба оиладор шуда, дучори хиёнати завҷаҳои худ мегардад...
“Санги тақдир”- чунин унвон дорад маводи навбатӣ дар бораи зиндагии пурдарду душвори як писарбачаи 12-сола, ки бо мошиншӯӣ қути лоямути худ ва аҳли оилаашонро ба даст меорад.
Дар маводи “Ҷӯраи каллабур” фоҷеаи марги ҷавонмарди тоҷик рӯйи авроқ оварда шудааст, ки аз дасти ҳамватану ҳаммиллати худ дар мулки ғарибӣ бераҳмонаву даҳшатнок ба қатл расонида шудааст.
Дар саҳифаи “Дарду дармон” дар мавриди мушкилоти фарбеҳии кӯдакон ва оқибатҳои он ба саволи хонанда посух гуфта мешавад.
Қиссаи “Балохоҳар” аз нақли зане навишта шудааст, ки шоҳиди ба роҳи бад рафтани хоҳарзодаи худ мегардад, вале барои аз роҳ гардониданаш коре карда наметавонад...
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД