Sebiston new 2024 october
Анонси шумораи №48 ҳафтаномаи “Оила”
594

 Дар шумораи №48 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Шавҳарам қаҳркунак аст”, “Шод бояд зистан, ношод бояд зистан!”, “Тӯйи бодабдаба намехоҳам” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа аз зиндагиву фаъолияти сарояндагони ҷавон Шаҳло Давлатова ва Баҳодур Ҷумаев мутолиа намоед.

Қиссаи “Мори сафед”, ки дар саҳифаи 3-и ҳафтанома дарҷ гардидааст, сарнавишти занеро қисса мекунад, ки дар лаҳзаҳои мушкилтарини зиндагӣ бо мори сафеде дӯстӣ пайдо карда, бо кӯмаки ин хазанда аз ранҷу азоб халосӣ меёбад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” тақвими намозро барои моҳи декабр дастрас карда метавонед.

Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.

“Ишқи зани девона” аз ҷавонмардиву накӯкории марде қисса мекунад, ки бо вуҷуди бемор будани ҳамсараш солиёни зиёд тамоми бори гарони рӯзгоррро ба дӯши худ кашидааст.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро “Аз рэпи Шон МС дар бораи Исмоил то пайраҳаи ноҳамвори Хуршед Шокир мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Аз ҳаёти ситораҳо” таҳти унвони “Манижаи Сангин дар филм нақш мебозад?”, “Ситораи турк ятимеро ба фарзандӣ мегирад” ва “Фарзандону шогирдон ба зиёрати Кароматуллои Қурбон рафтанд” маводҳои кутоҳро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “10 меваю сабзавоте, ки ба саломатӣ фоида доранд?” оиди меваю сабзавоти саршор аз витамину минералҳо мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД