Sebiston new 2024 october
Анонси шумораи №46 ҳафтаномаи “Оила”
548

 Дар шумораи №46 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Писар таваллуд накунам, бадбахт мешавам”, “Шавҳарам зан доштаасту”, “Зебоӣ душманам гашт” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа маводи хурде оиди сабабҳои пиршавии инсон таҳти сарлавҳаи “6 сабаби бармаҳал пир шудани инсон” таҳия гардидааст.

Қиссаи “Асираи номард”, ки дар саҳифаи 3-и ҳафтанома дарҷ гардидааст, сарнавишти занеро қисса мекунад, ки бо вуҷуди шавҳари номдору аз худаш калонсол доштанаш ба доми макри марди алфонс ва беномусе меафтад. Қиссаи мазкур давомдор буда, давоми онро дар шумораҳои минбаъдаи ҳафтанома мутолиа кардан мумкин аст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар мавзӯҳои динӣ посухи кутоҳ дода шудааст. Дар қисмати дигари ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳи варзиширо мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.

“Яккаписар дар асорати бойдухтар” бо мутолиа намудани сарлавҳаи қиссаи мазкур пай бурдан мумкин аст, ки муҳтавояш чӣ гуна аст. Қаҳрамони қиссаи мазкур Пирумшо ба доми бойдухтаре афтида, дар охири умр бадбахту саргардон мегардад.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро “Аз шикояти Дӯстмурод Шарипов то суҳбати Манижа дар бораи консерташ мутолиа намоед.

Дар саҳифаи Чеҳра таҳти унвони “Хандинкамон”-ро ба Душанбе мекӯчонам!” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтанома оиди зиндагиву фаъолияти эҷодии ҳаҷвнигори шинохта Муқимҷон Абдуфаттоев мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро чашмони кӯдак олус мешаванд” роҳи табобат ва пешгирӣ намудани бемории мазкур маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД