Dostoni ishqi man
Анонси шумораи №45 ҳафтаномаи “Оила”
213

 Дар шумораи №45 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Келин шуда, гунаҳкор шудем?”, “Ба фолбин бовар кунам”, “Модари аз моиндар бадтар”, “Маро хоки раҳ кардӣ, амон бошӣ...” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа маводи хурдеро бахшида ба 75-солагии достони зиндаи Болливуд Хема Малини ва зиндагиву фаъолияти эҷодиаш мутолиа намоед.

Дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома қиссаи “Дар доми бало” таҳия гаштааст. Қиссаи мазкур аз нақли ҷавонзане рӯи коғаз омадааст, ки шавҳараш ошкоро бо муаллимаи ҷиянаш ишқварзӣ мекунад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар мавзӯҳои динӣ посухи кутоҳ дода шудааст. Дар қисмати дигари ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳи варзиширо мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.

“Арӯси сиёҳпича” қиссаи духтари беморе аст, ки бо марг даст ба гиребон буданашро дидаву дониста, ҷавоне ба хостгорияш меояд, вале...

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро “Аз мусоҳибаи муфассали Баха 84 то “Боз омадӣ”-и Мадина Акназарова” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи Чеҳра таҳти унвони “Ҳунар дар хуни ман аст” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтанома оиди зиндагиву фаъолияти эҷодии сарояндаи маҳбубу шинохта Соҳиб Назриев мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Пневмококк ба менингит гирифтор месозад?” роҳи табобат ва пешгирӣ намудани бемории мазкур маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД