Arzon march 2024
Анонси шумораи №44 ҳафтаномаи “Оила”
538

 

Дар шумораи №44 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” таҳти унвони “Сабринаи Назрӣ духтарашро ба мухлисонаш нишон дод” ба саволи хонанда дар мавриди он ки чаро блогер ва ровии шинохта Сабринаи Назрӣ то ба имрӯз чеҳраи тифлаки худро аз чашми мухлисонаш пинҳон нигоҳ медошт, посух дода мешавад. Дар қисмати дувуми саҳифаи мазкур номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Янгаам хӯрданиҳоро пинҳон мекунад”, “Аламҳои дилам тоза шуд”, “Гуноҳ аз занам буд” мутолиа намуда метавонед.

Дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома қиссаи “Муаллимаи шавҳардузд” таҳия гаштааст. Қиссаи мазкур аз нақли ҷавонзане рӯи коғаз омадааст, ки шавҳараш ошкоро бо муаллимаи ҷиянаш ишқварзӣ мекунад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” тақвими намоз барои моҳи ноябр пешкаши хонандагон мегардад. Дар қисмати дигари ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳи варзиширо мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.

“Ба апаам хиёнат кардам” қиссаи духтаре аст, ки ба дӯстдоштаи апаи худ ошиқ шуда, фарзанди падари худро бадбахт месозад, вале худ низ бахт намебинад.

Боз як қиссаи ҷолибу хонданӣ таҳти унвони “Модари ҷиянам шудам” дар саҳифаи 6-уми ҳафтанома пешкаши хонандагон ва ҳаводорони қиссаҳои ибратомӯз мегардад.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро “Аз саҳнаи нави Ташриф то суруди нави Фатҳиддин” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи Чеҳра таҳти унвони “Санъат бе қурбонӣ намешавад” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтанома оиди зиндагиву фаъолияти эҷодии сарояндаи маҳбубу шинохта Лола Азизова мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Сулфидани кӯдак нишонаи бемории сил аст?” роҳи табобат ва пешгирӣ намудани бемории мазкур маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД