Arzon march 2024
Анонси шумораи №38 ҳафтаномаи “Оила”
643

 

Дар шумораи №38 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Шабнами Сурайё дар Стокголм консерт медиҳад? ” дар мавриди баргузор гаштани консерти ҳунарии сарояндаи маъруфи кишвар пурсон шудааст.

Дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома таҳти унвони “Гиряи Ташриф ва Ғарибшо барои шаҳидони Ватан” маводе таҳия гардидааст, ки дар он аз қурбониёни ҳодисаҳои нохуши дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рухдода нақл карда мешавад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад.

“Қиссаи ҷоҳил” сарнавишти занеро нақл мекунад, ки аҳли оилаи шавҳарро ба дод овардаву бар асари ахлоқи пасту разилона доштанаш дар интиҳои умр маъюбу дастнигар гашта бошад ҳам, аз неши забонаш ҳанӯз ҳам заҳр меборад.

Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.

“Вохӯрӣ бо палонҷ” чунин унвон гирифтааст, қиссаи навбатӣ, ки инъикоскунандаи аксари оилаҳои тоҷик аст. Зан тамоми умр меҳнат карда, хонаву дари худро обод мекунаду аз шавҳари худ на кӯмак мебинад ва на меҳрубонӣ. Билохира, мефаҳмад, ки шавҳараш зани дуюм дораду тамоми умр ӯро фиреб медиҳад...

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро аз “Ногуфтаҳо”-и Шуҳрат Сайнаков то саҳнаи нави “Хандинкамон” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро дар тирамоҳ дарди гурда хурӯҷ мекунад?” оиди сабабҳои бемории гурда, роҳҳои пешгириву оқибатҳои он маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Хатогиҳои ҷавонӣ модарамро бе қадр кард”, “Фарзандро партофтан мардӣ нест!”, “Шавҳар дӯст надорад, дар Аврупо ҳам хушбахт намешавӣ!” номаҳои кутоҳи хонандагони ҳафтаномаро мутолиа карда метавонед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД