Дар шумораи №37 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Шаҳло Ҳафизова бемор аст? ” дар мавриди вазъи саломатии сарояндаи ҷавону боистеъдод, узви ансамбли “Сипар”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсон шудааст.
Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Никоҳи интернетӣ бадбахтам кард”, “Духтари шаҳрӣ хостгориямро рад намуд”, “Падарам маро пирдухтар карданист” номаҳои кутоҳи хонандагони ҳафтаномаро мутолиа карда метавонед.
Дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома маводе аз фаъолияти роҳбари хоҷагии деҳқонии “Адолат”-и ноҳияи Ҷайҳун таҳия гардидааст, ки барои дигар дигар бонувони хонашини деҳотӣ ибратомӯз аст.
Қиссаи “Парихона” дар бораи деҳоте навишта шудааст, ки бошандагони як кӯчаи он гирифтори бемории руҳӣ шудаанд. Дар қатори чанд ҷавоне, ки ҷинвара мешаванд, боз холаи Амонат низ ҷинро бо чашми худ дида, чанд муддат бемор мегардад.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.
Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро аз “Консерти Нигина дар Бадахшон то “Хайр ба 100 ятими бенаво”” мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” дар бораи зиндагии шахсӣ ва фаъолияти ҳунарии чеҳраи намоёни санъату фарҳанги тоҷик, поягузор ва устоди ҳақиқии эстрадаи муосир Далер Назаров мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро кӯдакон ба невроз гирифтор мешаванд?” оиди сабабҳои асабонияти атфол ва роҳҳои пешгириву оқибатҳои он маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!