Дар шумораи №28-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Малика Ҳасанова, аз ҷумлаи духтаронест, ки бо вуҷуди нав пайвастан ба дунёи илму навоварӣ соҳиби даҳҳо ҷоиза шудааст. Қаҳрамони мо соли 2023 соҳиби ҷоиза дар озмуни “Лидер СНГ” гардидааст. Малика бо маҳорати баланди суханварӣ дар чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат менамояд. Ӯ аъзои маҳфили “Ровиёни ҷавон” аст, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ то имрӯз зиёда бо 20 ифтихорнома ва сипоснома қадрдонӣ шудааст. Оиди зиндагиву муваффақиятҳои Малика дар рубрикаи “Иродаи зан” мутолиа намоед.
Вақте шавҳар нос мекашад, зан бояд тоқат кунад? Посухи ин суолро дар рубрикаи “Назарпурсӣ” таҳти унвони “Аз шавҳари носкаш ҷудо шавам?” пайдо кардан мумкин аст.
“Бахт аз хонаи бесоҳибон” қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагӣ ва сарнавишти як мард навишта шудааст, ки модарро хеле барвақт аз даст дода, падарро умуман надидааст. Муносибати сарди моиндар ва кӯдакиву ҷавонии сангин аз сар гузаронида, баъди чандин сол соҳиби ҳама чиз мешавад ва зуд-зуд ба хонаи бесоҳибон кумаки моддӣ мерасонад. Боре ба он ҷо рафта, модари танҳоеро пайдо мекунаду ба хонааш меорад...
Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро таҳти унвони “Худтаърифкуниро дӯст намедорам” бо ровии барномаи интернетии “Медонӣ ё не?” Фараҳнози Тоҳирхон оид ба тамоми паҳлуҳои зиндагиву кораш мутолиа намоед.
Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии собиқ ровии машҳури телевизион, гардонандаи базму маҳфилҳо, муаллифи таронаҳои дилнишину “хит”, продюсери мусиқӣ, барпокунандаи маҳфилҳои хурду бузурги фарҳангӣ-фароғатӣ, муаллифи лоиҳаи маъруфи “Ситорарези дай” Раҷ Аҳмад
маълумоти аҷибро мутолиа намоед.
“Гурги гушна” чунин унвон дорад, қиссаи навбатӣ, ки таҷассумгари сарнавишти садҳо зани тоҷик аст. Дар қиссаи мазкур зани тоҷик як умр заҳмат мекашад, фарзанд ба воя мерасонад, ба тамоми пастиву баландии зиндагӣ тоқат мекунад, вале дар назди шавҳар заррае қадру қимат надорад.
Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Бо шампун рӯй шустан мумкин аст?” ва “Ба шахси моргазида чӣ гуна кумак расонидан мумкин аст? маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.
Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон таҳти унвони “Навиштаи "Аллоҳ" ашёро муқаддас мекунад?”, “Қарзи фитри рӯза”, “Ёсин” дар қабристон”, “Никоҳ чӣ тавр баста мешавад?” ва “Издивоҷ бо намояндаи мазҳаби дигар”, “Ҳукми барвақт масҷид рафтан” аз ҷониби мутахассисони Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.
Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Либоси мотамӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.
Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон дар саҳифаи мазкур таҳти унвони “Қаҳрамониҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия” мавод пешниҳод гардидааст.
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Аз дасти қайсингил рӯз надорам”, “Зани дуюм шуда, гунаҳкор шудем?”, “Дар рӯзи рӯбинон зиндагиям вайрон шуд” дарҷ гардидааст.
Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!