Моҷарои як муҳоҷири тоҷик бо ду нафар муҳоҷирони ӯзбек дар Русия бо хунрезӣ анҷом ёфтааст. Сабаби сар задани ҷангу ҷанҷол байни муҳоҷирон ҳанӯъ маълум нест, вале худи ҳодиса шаби 24 ба 25-уми ноябр дар як тарабхона дар гулгашти Котелниковои шаҳри Санкт-Петербурги Русия сар задааст.
Байни як ҷавони 19-солаи зодаи Тоҷикистон ва ду муҳоҷири меҳнатӣ, ки аз Ӯзбекистон будаанд, муноқиша ба амал омадааст. Дар рафти ин моҷарои хунин муҳоҷири тоҷик бо корд ва таппонча ба муҳоҷирони ӯзбек ҳамла карда, якеро корд мезанад ва ба сӯйи дигарӣ аз таппончаи травматикӣ тир холӣ карда, сипас аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.
Марди корд хӯрда дар беморхона ба ҳалокат расида, кормандони пулис барои дастгир намудани гумонбаршаванда амалиёти махсуси “Перехват”-ро роҳандозӣ намудаанд. Тавре ки Бомдод менависад, ҷавони тоҷик чанд маротиба мошинашро иваз карда бошад ҳам, билохира ӯро 14 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса аз деҳаи Новое Девяткинодастгир кардаанд.
Айни замон нисбати ин муҳоҷири тоҷик бо моддаи 111-и Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки боиси ҳалокати ҷабрдида шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ва мақомот масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани ӯро баррасӣ мекунанд. Тахмин меравад, ки бар асоси ин модда ба ин ҷавони тоҷик то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.