arzon replenishment
Ҷанҷоли бачаҳо якеро ба гӯру дигаронро ба кунҷи зиндон бурд
589

Як сокини шаҳри Душанбе тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намудааст, ки гӯё ҷинояти авбошии гурӯҳии ноболиғон, ки дар натиҷаи он як нафар ба ҳалокат расид, дар сатҳи зарурӣ мавриди тафтиш қарор дода нашудааст.

Муроҷиати мазкур бевосита аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Ҳодисаи мазкур ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доштаанд.

Гуфта мешавад, ки 9-уми майи соли ҷорӣ, тахминан соати 20:40 дақиқа, дар кӯчаи Беҳзоди ноҳияи Шоҳмансур, аз сабаби нофаҳмиҳои қаблан вуҷуддошта ду гурӯҳ ноболиғон дар ҷойи ҷамъиятӣ бо истифода аз олоти халандаю бурранда ҳамдигарро мавриди латукӯб қарор додаанд. Дар натиҷаи ин муноқиша ва бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ, ноболиғ Р. Хушбахтов дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур ин шаҳрвандон дастгир карда шудаанд:

- Шарипов Беҳрӯз Меҳроҷович, санаи таваллудаш 06.07.2007, сокини ш. Душанбе, к. Рӯдакӣ.

- Раҷабзода Умар Холмаҳмад, санаи таваллудаш 22.06.2007, сокини ш. Душанбе, маҳаллаи Қаротегин.

- Самадов Абдураҳмон Қаҳрамонович, санаи таваллудаш 01.10.2006, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Саҳбо.

- Мадхолов Идрис Тоҷиддинович, санаи таваллудаш 29.11.2008, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ.

- Яъқубов Муҳаммад Баҳриддинович, санаи таваллудаш 09.06.2008, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев.

Дар робита ба ҷинояти мазкур нисбати 5 нафар гумонбарон тибқи талаботи моддаҳои 237 ва 110-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД