Чанд шаб боз хобҳои нохуш мебинам. Дар хобам ҳамеша бо касе ҷангу ҷанҷол мекунам ё хоб мебинам, ки дигарон кашмокашу даъво доранд. Дишаб дар хобам бо касе моҷаро кардем ва ӯ куртаи маро дар танам пора-пора кард, шаби пешин бошад, дар хобам занеро зада, ғарқи хун кардам. Ростӣ, ин хобҳо орому қарор аз ман рабудаанд. Метарсам, ки ба сарам ягон фалокат наояд. Мехоҳам донам, ки ҷангу ҷанҷол ва моҷаро дар хоб чист?
Сайдаҳмад, аз н. Рӯдакӣ
Бародари азиз! Ташвиш накашед. Ҷангу ҷанҷол дар хоб баръакс фоли нек буда, касе ки чунин хоб мебинад, дар ҳаёташ ҳодисаҳои хеле хуш рӯй медиҳанд. Зан ё мард хоб бинад, ки бо ҳамсараш ҷанҷолу моҷаро карда истодааст, дар асл ишқашон ба ҳамдигар зиёдтар шуда, бениҳоят хушбахт мешаванд. Дар хоб бо ягон дӯсти наздик ё хешу таборатон ҷанг кунед, аз он одам ба шумо кӯмаки бузурге хоҳад расид. Хоб бинед, ки бо ягон ҳамкоратон даъвою ҷангу моҷаро доред, мансаби баландтаре насибатон гашта, соҳиби обрӯю нуфуз ва давлату сарвати зиёд мегардед.
Хоб бинед, ки бо ягон шахси аз оламгузашта ҷангу ҷанҷол карда истодааст, аз дарду беморӣ раҳо ёфта, умри дароз мебинед. Дар хобатон дар кӯча байни дигарон ҷангу ҷанҷол шуда, шумо онро тамошо кунед, ба ягон тӯй ё маҳфили шодӣ даъват мешавад.
Савдогар хоб бинад, ки бо харидорон ҷанҷол карда истодааст, муфлис мешавад, вале одами оддӣ хоб бинад, ки дар мағоза ё бозор бо фурӯшанда ҷангу ҷанҷол карда истодааст, баръакс даромади калоне ба даст оварда, бою бадавлат мешавад.