arzon replenishment
Ангушти шашум
1752

 Аҳмадро ҳамеша як фикр азоб медиҳад, чӣ созад, ки дар бораи ҳамсари собиқаш фикр накунад? Аммо номусу ғурури мардияш боло мегираду дилаш хун мешавад, ӯ як марди рустамбозуи хушсурати дар соҳаи худ ба баландтарин унвонҳо расида пеши як зани ба қавли деҳотиҳо «лоша» ночор монд, тарбияаш карда натавонист, талоқашро дод, вале ҳоло ҳам аз кирдорҳои вай хиҷолат мекашад. Қутбия мисли ангушти шашум аст, ки буданаш нуқсон ва буриданаш дарднок аст…

Онҳо дар донишгоҳ шинос шуда буданд, Қутбия аз курси якум аллакай худашро байни донишҷӯён бо донишу афкору кирдораш нишон доду яке аз шогирдони намуна ба ҳисоб мерафт. Барандагӣ мекард, шеър мехонд, Аҳмад ду курс аз вай боло мехонд ва аз нигоҳи аввал ошиқи ин духтараки резапайкари пастқомат гашт.

Қутбия ишқи Аҳмадро аввал қабул накард, вале ҷавон ҳам паст наомаду баъди номанависиҳои зиёд резапайкари доно розӣ шуд то бо вай вохӯрад. Давраи тиллоии умр донишҷӯӣ бо хандаю бозӣ пушти сар гашт ва ҳар кадоме пушти кори хеш гаштанд.

Аҳмад ба сохторҳои ҳуқуқӣ ба кор рафту Қутбия бошад, дар донишгоҳ монд, мехост ба кори илмӣ банд шавад. Дар ин миён Аҳмад хостгорони худро фиристоду азбаски онҳо бо Қутбия ҳамшаҳрӣ буданд, волидон розӣ шуданд. Онҳо бо дуои волидон тӯй карданду як моҳ дар деҳа монда, ба пойтахт кӯч бастанд.

Аввал дар хобгоҳ зиндагӣ карданд, пас аз тарафи корхонаи Аҳмад барояшон хонаи якҳуҷрагӣ ҷудо намуданд. Писараконаш пайи ҳам ба дунё омаданду хонаашонро ба чорҳуҷрагӣ иваз карданд. Зиндагии хушбахтонае доштанд то он айёме, ки Қутбия аз пайи шӯҳрату пулу мол нарафт…

             Нағмаҳои деҳотии шаҳришуда

Пас аз каме калон шудани тифлаконаш Қутбия ба кор баромад, боз як тиҷорати хурд сар кард, мағозаи атриёт кушод ва кораш равнақу ривоҷ ёфт. Акнун ӯро шинохта намешуд, аввалин коре, ки ӯ кард, кӯтоҳ кардани кокулони зебою дарозаш буданд. Ӯ дар тақлиб ба ҳунармандон кокулонашро кӯтоҳ карда, рангашро аз сиёҳ ба зард табдил дод. Доманҳои кӯтоҳ пӯшида, худро мисли лӯхтак орову торо медод, насиҳатҳои касе ба гӯшаш намедаромаданд.

Аҳмад аз тағйироти симои занаш дар ҳайрат монду вақти барояш дар як ноҳияи дурдаст мансаб додан ӯро ҳамроҳаш бурданӣ шуд, мехост ҳамсарашро ба деҳа барад, то ӯ каме ба худ биёяд. Аммо Қутбия, “ман дар қишлоқ хар гум накардаам, ки он ҷо равам” гӯён, ҳарфи шавҳарро гӯш ҳам накард. Аҳмад дид, ки ба хубӣ намешавад, ӯро зери мушту лагат кашид, аммо пӯсти ин деҳотии шаҳришуда он қадар ғафс шуда буд, ки ногуфтанӣ. Аҳмад ноилоҷ худаш танҳо рафт, акнун дар як моҳ як бор назди оилааш меомаду аз хунсардиву бепарвоии ҳамсараш хунаш дар рагҳояш ях мебаст.

Қутбия акнун рисолаи илмӣ ҳимоя карда буду аз субҳи солеҳон то бегоҳ дар кор буд. Писарконаш, ки акнун мактабхон буданд, мустақил шуда буданд, тамоми кори хона ба зиммаи онҳо буд. Хонаҳоро бо навбат тамиз мекарданд, хӯрок мепухтанд, ҳатто либосҳои модарашонро мешӯстанд. Аҳмад ба хотири фарзандонаш ҳама корҳои ҳамсарашро тоқат мекард, зеро писарони қобилу доною меҳрубонашро зиёд дӯст медошт.

Рӯзҳое, ки ба хона меомад, барои писаронаш тӯй буд. Онҳо либосҳои падарро мешӯстанду дарзмол мекарданду барояш наҳорӣ тайёр менамуданду гирдаш парвона мешуданд. Қутбия бепарво мерафту меомад, вақтҳои охир дили Аҳмад намекашид, ки бо ин зани оҳанин ҳамбистарӣ кунад. Қутбия низ гӯё дил надошт…

               Бахти ногаҳонӣ

Дар ноҳияи дурдасти кӯҳистон, ки Аҳмад он ҷо кор мекард, хешони дури падараш мезистанд. Падару модари Аҳмад аз дунё гузашта буданду ба хотири шод намудани рӯҳи падар ӯ зуд зуд аз аҳволи пиру кампир, ки бо як духтари шавҳармурдаашон мезистанд, хабар мегирифт.

Онҳо бо дидани хеши мансабдорашон тамоми дороияшонро рӯйи дастархон мегузоштанд. Боре мард, мӯйсафед, ки писарамаки падараш ба ҳисоб мерафт, аз ӯ хоҳиш кард, ки духтарашро ба Донишгоҳи омӯзгорӣ ғоибона дохил кунад.

-Духтаракам бо ҳамин ҷавонӣ фоҷиаҳои зиёдро аз сар гузаронидааст, шавҳараш ҳангоми чормағзчинӣ аз боли дарахт афтида, ҳалок шуд. Пас аз марги шавҳар писараки шашмоҳааш ҳам вафот кард, худаш танҳои танҳо мондааст. Аҳмад ҳуҷҷатҳои Моҳтобро ба Донишгоҳи омӯзгорӣ супорид ва духтараки азиятдида бо кӯмаки ӯ донишҷӯ шуд.

Аҳмад дар як канори шаҳри Душанбе хонаи якҳуҷрагие дошт ва ҳар гоҳе Моҳтоб дарс равад, ҳамон ҷо зиндагӣ мекард. Моҳтоб дар ҳақиқат мисли моҳ зебо буд ва харидоронаш аз мӯйи сараш зиёд буданд, аммо шавҳар кардан намехост, ғоибона мехонду дар мактаби деҳа муаллима буд.

Як бародар дошт, ки аз онҳо ҷудо зиндагӣ мекард ва ният доштанд, ки хонаи падариро ба хоҳарашон бахшанд. Як рӯз Аҳмад ширакайф ба хонаи амаки мӯйсафедаш омаду сари мастӣ ҳама зиндагияшро ба мӯсафед нақл кард, рӯзи дигар мӯйсафеди Сафар мастию ростӣ гуфта, ба Аҳмад таклифи аҷибе кард.

-Аҳмадҷон бачам, одам дар мастӣ ҳама дарди дилашро мегӯяд, ман инро хуб медонам. Агар муносиб донию не нагӯӣ, Моҳтобро никоҳ карда, ба ту медиҳам. Дар ҳамин хонаи худам зиндагӣ кун,- Аҳмад аз ин таклифи хешаш дасту по хӯрд ва бо овози ларзон гуфт,- амакҷон қурбони меҳру муҳабаттатон, аммо дузанагӣ ҷиноят аст. Писаронам калон шаванду онҳоро хононда соҳиби хонавудар кунам, баъд аз Қутбия ҷудо шуда, зан мегирам.

Мӯйсафед ришаш дар қабзаи дастони пурожанг, чашмони камнурашро ба хешаш дӯхта гуфт:

-Баъд дер мешавад…

                 Ғариву пешхезӣ

Баъди як ҳафтаи ин гуфтугӯ мӯйсафеди Сафар бо як косаи об Моҳтобро худаш никоҳ карда, ба хешаш дод. Аҳмад бо Маҳтоб фаҳмид, ки зиндагӣ чист. Меҳрубониву лутфу назокату ҳурмату эҳтиром чист?

Вай Моҳтобро аз ҷонаш зиёдтар дӯст дошт. Моҳтоб барояш духтари нозанине ҳадя кард, акнун дар кадом ноҳияе бо тақозои касбаш кор мерафт, Моҳтобу Ҳадябонуяш ҳамроҳаш буданд. Бо гузашти солҳо писаронаш соҳиби маълумоти оливу кор шуданд, ҳардуяшонро дар як рӯз хонадор кард.

Қутбия бо келинҳояш зистан нахоста, барои худаш бо пулҳои ҷамъкардааш хона харида рафт, ӯ ҳатто Аҳмадро биё нагуфт. Аҳмад барои писаронаш хонаҳои алоҳида хариду баъд назди Қутбия рафта, талоқашро доду гуфт, ки ман зану духтарча дорам. Қутбия умуман аз ин гапи шавҳар пинакашро вайрон накарду гуфт:

-Ту расмӣ аз ман агар ҷудо шавӣ, дузанагиятро фош карда, шармандагиятро мебарорам. Ман намехоҳам, ки дар шиносномаи ман муҳри танҳоӣ зада шавад! -Аҳмад дигар чизе нагуфт, зеро аз дасти Қутбияи разил ҳар кор меомад.

Инак, бист сол боз аҳвол ҳамин, Ҳадябону низ шавҳар карда рафт, писараки аз Моҳтоб ба дунё омадааш синфи нӯҳ мехонад. Муносибати писарони калонӣ бо Моҳтобу додараку хоҳаракашон дар сатҳи олӣ аст, аммо Қутбия ҳамоно «зан»-и Аҳмад аст.

Инаш ба хайр, вале синнаш аз ҳафтод гузашта бошад ҳам, ин зан ҳеҷ аз худашро шабеҳи духтаракони ҳаждаҳсола кардану тарабхона ба тарабхона гаштанаш намонд, ки намонд. Дирӯз Аҳмад ӯро дар тарабхона бо ҷавони ҳамсоли писаронаш дида, хост рафта, дар рӯяш туф кунад, вале боз андешаи обу рӯяш кард. Қутбия шароб менӯшиду сигор дуд медод, гоҳе худро ба оғӯши ҷавон андохта механдид…

Аҳмад ғам мехӯрад ва Моҳтоб ӯро тасалло медиҳад, писаронаш ҳам аз кирдори модар шарм медоранд, аммо ангушти шашумро буридан ҳам дардовар аст, чӣ хеле дар боло зикр кардем…

                                                                             

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД