Салом! Духтари ҷавони 18-сола ҳастам ва шаби гузашта хоб дидам, ки як ҳамсабақам ба ман ангуштарини сангаш кабуд, яъне фирӯза туҳфа кардааст.
Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.
Гулнора, сокини шаҳри Ҳисор
Посух
Хоҳари азиз, касе хоб бубинад, ки ангуштарине бо санги фирӯза дар даст дорад, хушбахт хоҳад гашт.
Дар хоб касе ба шумо ангуштарин ё ҳалқа, яъне гӯшвораи санги фирӯза дота тӯҳфа кунад, донед, ки тақдир шуморо бо марди саховатманде рӯ ба рӯ хоҳад кард, ки пуштибон ва такягоҳи боэътимодатон мегардад.
Аммо гум кардани кардани санги фирӯза ё ороишоти тиллоии чунин санг дошта дар хоб далели хайр нест ва ба он ишорат мекунад, ки орзуи шахси хобдида амалӣ нахоҳад гашт.