Аз ихроҷи гази карбон дар кони ”Ангишти Шӯроб”, ки дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд воқеъ аст, ду нафар кӯҳканҳои ин кон ҷони худро аз даст додаанд, ки яке 45 ва дуюмӣ 57 сол дошт.
Ин ҳодиса рӯзи 27-уми марти соли равон рух дода, ҷасади ҳалокшудагонро аз кон берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ба ҷойи ҳодиса як взводи Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ – кӯҳии кумитаи ба шаҳри Хуҷандбуда фиристода шудааст.
Нафароне, ки дар натиҷаи кори куҳкани ҷони худро аз даст доданд, сокинони шаҳри Исфара буда, сабабҳои фоҷеа аз ҷониби Комиссияи Хадамоти назорати бехатарӣ дар саноат таҳқиқ карда мешавад.