Як сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бо мақсади куштор нимашаб ба хонаи як ҳамдеҳааш даромада, бо болға чанд маротиба ба аъзои бадани соҳибхона задааст.
Тақдири марди ҷабрдида баландӣ карда, хонаводааш аз хоб бедор мешаванд. Гумонбар, ки марди 41-сола будааст, аз тарси фош шудани киордори ҷиноятиаш аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
ВКД мегӯяд, дар натиҷаи зарбаҳои болиға ҷабрдида, ки 44- сол дорад, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Вобаста ба ҳодисаи мазкур нисбати марди гумонбар бо моддаи 32-104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.