Arzon march 2024
Ҷамшеди Муъминободӣ аз занаш ҷудо шуд
825


Салом! Ман мухлиси ашаддии ҳафтаномаи “Оила” ва зодаи ноҳияи Муъминобод ҳастам, вале чанд сол боз дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам.

Дар Муъминободи мо сарояндаи номдоре буд бо номи Ҷамшеди Муъминободӣ. Ин ҷавони ҳунарманд чунон ширин месуруд, ки дили кас обу адо мешуд. Пештар дар аксари тӯю маърака ва маҳфилҳои хурсандӣ Ҷамшеди Муъминободӣ гули сари сабад буд, аммо намедонам бо чӣ сабаб бошад, ки солҳои охир ӯро хеле кам мебинем. Мегӯянд, ки Ҷамшед аз занаш ҷудо шудааст ва бо ҳалли мушкилоти ҳаёти оилавиаш машғул аст.

Мехоҳам донам, ки ин овозаҳо то куҷо ҳақиқат доранд ва айни замон Ҷамшед дар куҷост?
Рухсорамоҳ, сокини ш. Душанбе.

Ҷамшеди Муминободӣ бо таронаҳои “Ғарибӣ”, “Яғнобидухтар”, “Модар”, “Падар”, “Духтари қурғанӣ”, “Муъминобод ватанам”ва сурудҳои хеле ҷаззоби тӯёнааш дар дили мухсилони савту наво маъво гирифтааст. Бо хоҳиши Рухсорамоҳ ва дигар ҳаводорони ҳунараш мо ба ҷустуҷӯи ин ҷавони ҳунарманд афтода, як сӯҳбати телефониро бо Ҷамшед анҷом додем, ки фишурдааш манзури шумо, хонандагони азиз мегардад.
-Ҷамшедҷон, аввалан моҳи шарифи Рамазонро ба шумо муборакбод мегӯем!
-Раҳмат! Ба шумо ҳам муборак бошад. Дуо мекунам, ки ин моҳи муборак ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ файзу баракат биёрад.
-Корҳои эҷодиро то анҷоми рамазон мавқуф гузоштед ё...?
-Магар эҷодкор метавонад аз баҳри эҷод кардан гузарад?! Шаб аст, рӯз аст, рамазон аст ё моҳи дигар, илҳом, ки омад, одами эҷодкор аз паси эҷоди худ мешавад....
-Манзурам он буд, ки рӯзадоред ё ба қавли баъзеҳо вақти рӯзагирӣ надоред?
-Алҳамдуллилоҳ мусалмон ҳастем ва бояд фармудаҳои дини мубини исломро бе чуну чаро иҷро кунем. Ман аз овони хурдӣ рӯза мегирам. Волидонам, махсусан модарам дар ин масъала бисёр сахтгир ҳастанд ва мудом таъкид мекунанд, ки дасташ дар даруни зар бошад ҳам, одами мусалмон бояд намозу рӯзааашро дар вақту соаташ ба ҷо оварда, фармудаҳои Аллоҳро иҷро кунад.
-Мухлисони муъминободиатон аз якбора гум шудани шумо дар ташвишанд...?
-Ман чанд моҳ боз дар шаҳри Душанбе зиндагӣ карда истодаам, шояд аз ҳамин сабаб маро камтар мебинанд. Шодам, ки пазмон шудаанду моро суроғ мекунанд. (Механдад)
-Магар зиндагӣ дар деҳа дилгиратон кард, ки шаҳрӣ шудед?
-Ҳаргиз! Муъминободи мо биҳишти рӯйи замина аст. Чилдухтарон ва чашмаҳои оби зулолаш дигар дар ягон гӯшаи дунё ёфт намешаванд, вале айни замон ман бо баъзе сабабҳо дар шаҳри Душанбе зиндагӣ карда истодаам...
-Ҳамроҳи аҳли оилаатон ба пойтахт кӯчидед?
-Не, ман дар шаҳру онҳо дар деҳаанд.
-Мегӯянд, ки Ҷамшеди Муъминободӣ аз занаш ҷудо шудааст. Ин овоза то куҷо ҳақиқат дорад?
-Бале, дар ҳақиқат ман аз ҳамсарам ҷудо шудам ва ақди никоҳамон низ расман бекор карда шудааст.
-Бо 4-5 фарзанд?!
-Ростӣ, ба хотири фарзандонам ман чандин сол ба ҳамааш тоқат карда, кӯшиш намудам, ки оилаамон вайрон нашавад, вале ягон мурод ҳосил нашуд. Вақте ки дигарон ҳамеша ба муносибатҳои зану шавҳар дахолат мекунанд, иғво меангезанд, оқибат он оила вайрон мешавад...
-Фарзандонатон бо кӣ ҳастанд ва чӣ ҳол доранд?
-Азбаски хурдсоланд, бачаҳоям бо модарашон ҳастанд, вале ман мисли баъзе падарон фарзандонамро фаромӯш накардаам. Собиқ ҳамсарам ҳамроҳи фарзандонамон дар Муъминобод дар ҳамон ҳавлие, ки қаблан якҷоя зиндагӣ мекардем, зиндагӣ карда истодааст. Ман ҳамеша аз ҳолу аҳволи бачаҳоям хабар гирифта меистам, ба ғайр аз супурдани маблағи алимент, боз хӯрду хӯрокашонро таъмин мекунам, барояшон сару либос мехарам, хулоса, қарзи падариамро иҷро мекунам, чунки кӯдакон дар нофаҳмӣ, ҷангу ҷанҷол ва ҷудоии волидонашон аслан ҳеҷ гуноҳе надоранд.
-Дубора оиладор шуданӣ нестед?
-Мебахшед, дар ин бора ҳоло чизе гуфтан намехоҳам.
-Барои мухлисонатон чанд таронаи нав тайёр кардед?
-Таронаҳои нав ҳастанд, вале чӣ тарона аст, намегӯям. Мехоҳам ба мухлисонам сюрприз кунам.
-Муваффақ бошед!
Нӯшин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД