arzon replenishment
Ҷамшед Исмоилов: Сурудхониро аз боғчаи бачагона сар кардам
24.02.2024
ОИЛА
668

Ҳоло бо фарқ аз 10 сол пеш мухлисону ҳаводорони санъати асил имкон доранд бо ҳунарманди дӯстдоштаашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бевосита суҳбат дошта бошанд, аммо боз ҳам ба ҳафтаномаи “Оила” ва умуман аҳли қалам муроҷиат карда, хоҳишу дархост мекунанд, ки бо эҷодкорони маъруфу дӯстдоштаашон мусоҳиба карда, манзури онҳо гардонем.

Ин навбат аз мо дархост шуд, ки бо сарояндаи хубу маҳбуб Ҷамшед Исмоилов гуфтугӯи ихтисосӣ анҷом диҳем. Бо эшон бобати муваффақиятҳои соли гузашта, пайраҳаи тайкарда, ҳолати шоу-бизнеси тоҷик ва мушкилоту муваффақияти соҳаи мазкур дар кишвар суҳбат кардем.

Аз 2023 то 2024
- Охири соли 2023 шумо аввалин маротиба соҳиби ҷоизаи “Tarona Music Award” шудед. Интизор будед, ки сазовари ин ҷоиза мегардед?
- Ростӣ, вақте ки даъват карданд, хеле хушнуд гардидам. Зеро ҷоизаи мазкур дар ҳоли ҳозир яке аз ҷоизаҳои номдори ҷумҳурӣ дар самти ҳунар мебошад. Сарфарозам, ки барандаи ин ҷоиза шудам ва ба ин васила санъату ҳунари моро қадр мекунанд. Албатта, ин иқдом маро водор месозад, ки боз ҳам аз пайи суруд ва оҳангҳои нав шавам ва барои ҳаводоронам таронаҳои нав ба нав пешниҳод созам.
- Дар умум соли гузашта барои шумо бобарор буд. Мухтасар гуфта метавонед, ки кадом корҳоро кардед ва оё буданд нақшаҳои амалинашуда?
- Дар ҳақиқат соли 2023 барои ман аз ҷиҳати эҷодӣ хеле хуб буд. Якчанд таронаҳои навам манзури мухлисон гардид. Бо шоирону оҳангсозони ватаниву хориҷӣ ҳамкориҳоро зич кардем ва болои лоиҳаҳои гуногун кор намудем. Худо хоҳад, акнун имсол давоми нақшаҳоямонро амалӣ мекунем, ки итминон дорем мақбули мухлисон мегарданд.

Пайраҳаи эҷодии Ҷамшед Исмоилов
- Чӣ тавр шумо роҳи санъатро пеша кардед?
- Ҳанӯз замони боғчаравӣ бо лаҳни кӯдаконаву бо фаҳми кӯчак суруд мехондам. Намедонам чаро, аммо ёд дорам, ки сурудхонӣ бароям фараҳ мебахшид. Вақте ки мактаб рафтам, ба маҳфили сурудхонӣ аъзо шуда, ҳамчунин, ба омӯзиши “вокал” шуруъ кардам. Он вақт фаҳмида будам, ки сарояндагӣ бароям на танҳо шуғл, балки ояндаам аст.
- Замони наврасӣ фикри интихоби касби дигаре пайдо нашуд?
- Ростӣ, он вақт аллакай ман тақдирамро муайян карда будам ва ба ҷуз санъаткор шудан ҳеҷ фикру хаёли дигар дар дил надоштам.
- Оё маълумоти олии овозхонӣ доред?
- Ман маълумоти миёнаи мусиқӣ дорам ва онро дар мактаби мусиқии шаҳри Хуҷанд гирифтаам. Аммо мудом аз устодонам барои такмил додани санъатам маслиҳат мегирам. Дар хусуси маълумоти олӣ бошад, гуфта метавонам, ки ду диплом дорам: забоншинос ва иқтисодчӣ.
- Ба андешаи шумо барои сароянда шудан таҳсилоти олӣ лозим аст?
- Фикри шахсии ман дар ин масъала ин аст, ки доштани маълумоти олӣ барои сароянда хуб аст, аммо наметавонем бигӯем, ки бе он намешавад. Сарояндагӣ пеш аз ҳама ҳунар аст ва ин ҳунарро Худо медиҳад. Вазифаи аслии санъаткор ҳамон ҳунарро дар худ кашф кардану сайқал додан аст.
- Дар ин роҳ чӣ мушкилиҳо буданду ҳоло ҳастанд?
- Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ мушкиле нест, зеро дар фазои орому осуда кору зиндагӣ дорем. Аммо чун мушкилот гуфтед, зуд айёми наврасӣ ба ёдам омад, ки то дергоҳи шаб аз устодам сабту танзими мусиқиро меомӯхтаму бо тарсу хунук хӯрда, пойи пиёда хона мерафтам.
- Санъаткор будан чӣ мушкиливу чӣ манфиатҳо дорад?
- Барои ман санъаткорӣ ҳеҷ мушкилӣ ё норасоӣ надорад. Манфиат ё хубиаш дар он аст, ки мардум мешиносанд, ҷое равем, бо ҳурмату эҳтиром пешвоз мегиранд, ҳунару ҳунармандро қадр мекунанд. Ин соҳа як нозукӣ дорад, ки чандон хушоянд нест, аммо аллакай ба он тан додаем. Яъне, мо ҳама иду ҷашнҳоро дар маҳфилу маъракае мегузаронем ва шахсан ман ёд надорам, ки кай охирин бор ҳатто зодрӯзи худро дар ҳалқаи оилаам ҷашн гирифта бошам.
- То имрӯз чанд барномаи консертӣ ва чанд албоми сурудҳоятонро нашр кардаед?
- Аз синни 13-солагӣ дар саҳна ҳастам. Вақте ки дар гурӯҳи “Адиб” будам, дар консертҳои бешумор иштирок варзида, ҳатто дар хориҷи кишвар низ Ватанамонро муаррифӣ мекардам. Пас аз он, замоне ки овозхони яккахон шудам, то ҳол 3 барномаи консертиамро ташкил кардаам, ки фарогири 3 албоми суруд ҳастанд.
- Тақрибан як баромади шумо дар консертҳову маҳфилҳо чанд сомониро ташкил медиҳад?

- Ҷавоб ба ин савол барои ҳама аҷиб аст, аммо бояд бигӯем, ки баромад кардан дар маҳфилҳову маъракаҳои хурсандӣ вобаста ба ҳолат, макон ва сатҳи онҳо муқаррар мегардад ва наметавонем як рақами муайянро ба забон орем.

Меарзад, ки чанд умрро ба санъат бахшӣ
- Ба андешаи шумо ҳоло фазои шоу-бизнеси тоҷик чӣ гуна аст?
- Ҳоло фазои шоу-бизнеси тоҷик пурталотум аст, зеро имрӯзҳо санъаткорони зиёд дар жанрҳои гуногун месароянд ва шунидан, таҳлил кардан, ҷо ба ҷо гузоштан, неку бадро фарқ кардан, беҳтару бадтарро шинохтан ва ғайраҳо хеле мушкил аст.
- Ҳозир шоу-бизнеси тоҷик чӣ мушкил дорад?
- Агарчи мо сарояндаҳое, ки истеъдодашон ба сатҳи санъаткорони ҷаҳонӣ аст, дорем. Агарчи мусиқинавозу оҳангсозони моҳиру кордон дорем. Аммо имрӯз барои ба тарзи зинда гузаштани консертҳо шоу-бизнеси тоҷик ба танзимгарони овоз (звукорежиссер) хеле зиёд ниёз дорад. Агар ин норасоӣ ё мушкилӣ роҳи ҳалли худро ёбад, мо хеле пеш меравем ва санъатамон рушд мекунад.
- Чаро санъаткорон дар Тоҷикистон монанди санъаткорони дигар давлатҳо миллионер намешаванд?
- Гумон мекунам, ки дар навбати аввал бояд ҳуқуқи муаллифии санъаткор риоя гардад. Баъдан санъаткор бояд қадру қиммати хешро дошта бошад. Шояд баъд санъаткори тоҷик ҳам миллионер шавад.
- Киро метавон сарояндаи ҳирфаӣ гуфт?
- Ҳар шахсеро, ки маълумоти касбӣ дорад, корашро дӯст медорад, ҳамеша барои такмилу рушди ҳунараш кӯшиш мекунад ва аз ҳама муҳим дилаш ба санъат месӯзад.
- Мо суханони зиёде мешунавем, ки бояд духтарони тоҷик касби сарояндагиро интихоб накунанд. Шумо бигӯед, ки ин касб хоси кадом ҷинс аст?
- Ҳар шахс, новобаста аз ҷинс агар истеъдод ва малакаи хуби сурудхонӣ дошта бошад, бояд роҳи хешро дар ҷодаи санъат пеша кунад. Санъат ҷинс надорад, сарҳад надорад, забон надорад.
- Оё меарзад, ки як умрро барои санъат бубахшӣ?
- Албатта меарзад, ки чанд умрро ба санъат бахшӣ, аммо афсӯс бо ритми зиндагии имрӯза наметавон худро пурра ба санъат бахшида бошӣ.
- Бо кадом овозхонҳо, шоирон, продюсерон, коргардонҳои овоз ва ғайраҳо ҳамкорӣ доред?
- То имрӯз бо зиёде аз ҳамкасбонам ҳамкории зич дорем. Агар огаҳӣ дошта бошед, ду намоҳанг яке бо Ҷонибек Муродов ва дигаре бо Мадина Акназарова манзури мухлисон гардида буд. Дар масъалаи интихоби матн бо Орзу Исоев, Толиб Озарахш, Эҳсони Аъзамиён, дар масъалаи коркарди мусиқӣ бошад, бо коргардонҳои касбии ӯзбек ва рус ҳамкории зич дорам.
- Шумо аз ҷумлаи овозхонҳое ҳастед, ки ҳамеша рӯҳияи болида доред. Чӣ қувва аст, ки шуморо ҳамеша хурсанд нигоҳ медорад?
- Шукргузор ҳастам, ки дар давлати демокративу озод зиндагӣ намуда, сулҳу ваҳдат дар мамлакати мо пойдор аст. Баъдан, шояд дастгирии наздиконам ва мухлисонам бошад, ки маро ҳамеша рӯҳбаланд намуда, барои эҷод намудани таронаҳои нав илҳоми тоза мебахшад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД