arzon replenishment
АММАДУХТАРИ ШАВҲАРДУЗД (ҚИСМИ 2)
4753

ИДОМААШ...

Ҳамаи ин саволҳо намегузоштанд, ки ман ором шавам. Сарам аз дард ба кафидан наздик расида буд. Чанд дору истеъмол кардаму андаке дарди сарам таскин ёфт.

Намедонистам, ки маро дар пеш чӣ интизор аст. Шавҳарам билет гирифта, ба хона баргашт.

Ӯ тамоми шаб занг зада, телефони маро банд дарёфтааст. Имрӯз низ занг зада мехостааст, ки бо фарзандон ба пешвозаш фурудгоҳ равем. Аммо маро пайдо накарда, худаш расида омад ва маро наёфта, ба хонаи модарам рафт. Вақте ки модарам шавҳар кардани маро ба шавҳари аввалаам нақл мекунад, ӯ маро кофта, ба хонаи шавҳари дуюмам омад. Маро дар ҳавлии шавҳарам дида, пурсид, ки “чаро ин қадар рангат хаста аст?”

– Салом, Илҳомҷон, ман  бемор шудам. Мехостам ба фурӯдгоҳ рафта, тамоми воқеаҳоро ба шумо нақл кунам, вале дар хона хӯрока тамом шуда буд, харидкунӣ ба бозор рафтам. Аммо дар роҳ ба ногоҳ ҳушам рафтааст.

– Магар ба бозор танҳо рафтӣ? Чаро духтарамро ҳамроҳат набурдӣ, -шавҳарам тавре гап мезад, ки гӯё чизеро намедонад.

– Охир, субҳи барвақт буд, нахостам аз хоби ноз фарзандонамро бедор кунам. Хуш омадӣ, Илҳомҷон. Хайрият, ки чунин рӯзи хуш ҳам фаро мерасидааст,– мегуфтам ман саросемавор.

– Ва туи бемор тамоми рӯз дар куҷо хобидӣ?

– Як зани рус маро бо кӯмаки роҳгузарон ба хонааш дароварда, ёрии таъҷилиро даъват кардааст ва чуноне, ки мебинӣ ба по равонам намудаву ҷавобам дод.

– Худоро шукр, ки чунин зани боинсофро ба ту дучор кардааст,- мегуфт шавҳарам хушнудона, -Азизакам хайрият, ки зиндаву саломатӣ. Бе ту ман чӣ кор мекардам?

– Рост мегӯӣ мардакҷон, ба бахти туву фарзандонам ман зинда мондам, -ҳамоно худро ба даст гирифта дурӯғро давом медодам мани гумроҳи раҳгумзада.
-Ту  дар ин муддати кӯтоҳ маро фаромӯш кардаӣ?

– Не Илҳомҷон, фаромӯшат накардаам. Танҳо шӯхӣ кардам.
– Ту дар ин масъала занаки шӯх набудӣ-ку.

– Барои дилатро хуш кардан чунин шӯхӣ кардам, бахшиш,- гуфтаму диламро гургон тала мекарданд.- Метарсидам, ки як рӯз не, як рӯз сирам фош мешавад. Вале шавҳарам зирак буд. Ӯ ҳамоно хомӯш менишаст.

– Муҳайё, росташро бигӯ, чаро дилат якбора аз ман монда, ба ҷавони дигар ба шавҳар баромадӣ? Чаро маро интизор нашудӣ? Чаро ҳамаашро ба ман нагуфтӣ? Биё, ба хона баргардем Муҳайёҷон. Зиндагиамонро шурӯъ намоем. Рӯзҳои аввали рафтанам тезтар биё, ки бе ту мемирам, мегуфтӣ. Ҳоло бошад, аз дидорам сер шудаӣ? Ман туро нафаҳмидам?

– Маро аз ҷонам безор накун, Илҳом. Андаке фурсат бидеҳ, камтар ором бигирам.

– Охир, оромии ту бо ман будан буд. Акнун бошад, аз ман нороҳатӣ? Ё шавҳари наватро дӯст медорӣ?

– Не… Агар дӯст медоштам, ин қадар лоғар мешудам...

-Ҷудо шав аз шавҳари нават. Охир, ту ғулом нестӣ ку? Аз ин ғамҳо раҳо шав, - гуфт ба ман.

Пагоҳи дигар аз шавҳари навам талоқ гирифтаму ба хонаи худам баргаштам, вале рафтори шавҳарам бо ман дигар шуд.

Рӯзи дигар ким-куҷое ғайб зада, то бегоҳ бедарак шуд. Ман аз гум шудани Илҳом хавотир будам. Аз ӯ дараке набуд. Аз ин рафтораш диламро гургон тала мекарданд. Ба куҷо рафта бошад? Бо кӣ нишаста бошад.

Илҳом дар даст лӯлаи қоғази зардранге ба хона омад. Он чӣ бошад гуфта, хоболудона нигарам, таблограммаи рақамҳои телефони муддати дуюним моҳ  истифодабурдаамон буд. Онро дида, якбора ҳушёр шудам. Зеро баъзан духтари аммаам то субҳ бо телефони ман бо касе гап мезад. Акнун Илҳом чӣ мегуфта бошад?
– Занак, канӣ хез аз ҷоят! Ин рақами телефонҳо аз кӣ аст?

– Ман надонам, шояд кӯдакҳо гап задаанд.
– Кӯдакҳо магар то субҳ гуфтугӯ мекунанд?
– Шояд духтари амаам бошад, вай бо марде сӯҳбат мекард.
– Бо ҷӯраи ман ҳам духтари аммаат сӯҳбат мекард? Занак росташро бигӯй.


ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД