arzon replenishment
Аммаам ба ҷойи писараш маро 3 талоқ кард
1633

 Салом ба хонандагони сершумораи сомонаи Оила. ТЧ!

Ман, як ҷавонзани дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайрон монда мехоҳам саргузаштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Волидонам маро ба хеши наздикашон, аниқтараш ба писари аммаам ба шавҳар доданд. Аввалҳо зиндагиам бисёр ширин ва амаам ҳамеша дар гирди ман парвона буд. Шавҳарам ҳам маро сахт дӯст медошт ва мудом ба қавли мардум рӯйи даст бардошта мегашт. Ростӣ худамро хушбахттарин зани дунё эҳсос мекардам, вале ба хушбахтиамон ягон чашми бад расид ё ин хости худованд чунин буд, ки дар бадали 7 соли хонадорӣ соҳиби фарзанд нашудем.

Шавҳарам маро дар ба дари табибу духтурҳои номдор мегардонданд. Ниҳоят соли 8-ум ҳомиладор шудам ва писарчаи зебоеро ба дунё овардам. Хурсандии аҳли оила интиҳо надошт, вале баъдтар маълум шуд, ки кӯдаки ба дунё овардаам модарзод нобино будааст.

Ин моро сахт руҳафтода карда бошад ҳам, худоро шукрона мекардем ва умед доштем, ки боз соҳиби фарзандони солим мешавем, аммо кӯдаки дуюмам низ модарзод маъюб ба дунё омада, рӯзам сиёҳ шуд.

Пас аз тавлиди фарзанди дуюмамон аммаам ҳар рӯз бо писараш ҷангу ҷанҷол мекард, ки талоқи занатро деҳ ва бурда дар хонаашон мон, ин фақат инвалид мезояд, вале шавҳарам “духтари тағоям аст, охир чи хел ин корро мекунам” гӯён, розӣ намешуд.

Ниҳоят аммаам роҳи фиребро пеш гирифта, шавҳарамро ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристод. Аз рафтани шавҳарам ҳанӯз як ҳафта ҳам нагузашта хушдоман-аммаам маро ба хонаи падару модарам овард ва “духтари шумо фақат кӯдаки маъюб мезояд, ман намехоҳам, ки писарам умрашро бо чунин зан зоеъ кунад” гӯён, ба ҷойи писараш маро се талоқ карду баромада рафт.

Як моҳ мешавад, ки бо ду фарзанди маъюбам дар хонаи волидонам ҳастам. Шунидам, ки амаам аллакай барои писараш духтареро таги чашм карда мондаасту баъди ба хона баргаштани шавҳарам тӯй карда, писарашро зан медодааст. Ростӣ аз рашк дарун ба дарун месӯзад.

Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Саидаи сияҳрӯз

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД