arzon replenishment
Ҳамкорам мегӯяд, ки маро ба занӣ нагирӣ, худамро мекушам
16.01.2025
Оила
1045

Салом! Шикоят кардан ва сирру асрори зиндагии худро кушодан хоси мардон нест, вале як мушкили ҷиддӣ маро маҷбур намуд, ки ба мард буданам нигоҳ накарда, аз хонандагони сомона маслиҳат бипурсам.

Падарам одами сарватманд ҳастанд ва барои мо-фа рзандонашон тамоми шароитҳои зиндагиро фароҳам овардаанд. Ман як доникадаи бонуфузи яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсил намуда, айни замон дар ширкати падарам кор мекунам. Аксари кормандони ширкат ҷавононанд ва дар байнашон Ситора ном духтараки зебочеҳрае буд. Ин духтар аз рӯзҳои аввал ба ман нигоњњои пур аз меҳр меафканд, вале чандон аҳамият наме додам. Вай бо ҳар баҳона ба утоқи кориам омада, маро саволборон мекард ва ман ҳам гоҳ-гоҳ ҳамроҳаш ҳазлу шӯхӣ мекардам. Билохира хоҳиш кард, ки нишонии электрониамро диҳам, то баъзе чизҳои нафаҳмидаашро пурсад. Гумони бадро ба дил роҳ надода, розӣ шудам. Аввалҳо маслиҳатҳои корӣ мепурсид ва ман ҳам ба ӯ ёрӣ расонида, ба саволҳояш ҷавоб медодам, вале рафта-рафта оҳанги гуфтораш дигар шуда, пайёмҳои ошиқона мефиристодагӣ шуд. Ман худро ба нодонӣ зада ҷавоб намегардондам, аммо духтар паст наомада, изҳори муҳаббат намуд. Маҷбур шудам дар ҷавоб аллакай номзад доштанамро нависам. Ба наздикӣ тӯй доштанамро фаҳмида қаҳр кард ва аз кор рафт. Дар дил худоро шукр гуфтам, ки халос шудам, аммо акнун вай боз ба ман номаҳои пурдард навишта, мегӯяд, ки тобу тоқати ҷудоӣ надорад ва худашро мекушад. Духтари бадгашт ва бедоб нест,агар номзад намедоштам, шояд ишқашро қабул карда, ӯро ба занӣ мегирифтам, вале ба рӯйи падару модарам по гузошта наметавонам, чунки номзадамро онҳо интихоб кардаанд. Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Д. С

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД