arzon replenishment
Амина Муҳаммад: “То соли 2030 хушунати хонаводагиро якҷоя нест кунем!”
805

 

Дар таърихи мо яке аз бузургтарин барномаи муштарак ба қайд гирифта шуд, ки он ҳам дар самти кам кардани хушунати хонаводӣ миёни занону духтарон дар ҷаҳон мебошад.17

Ин барнома чор сол пеш бори аввал аз тарафи Иттиҳоди Аврупо бо Созмони Миллали Муттаҳид ба имзо расида буд ва он инчунин барои маҳви хушунат дар оилаҳои тоҷикистонӣ низ фаъолият мебарад.

 18

Ин нуқтаро Амина Муҳаммад, муовини Дабири кулли СММ дар вохӯрие, ки , дар маркази беҳдошти аввалияи ноҳияи Рӯдакӣ бо фаъолони ҷомеаи ин ноҳия шуда гузашт, қайд намуд. Вохурӣ дар н. Рӯдакӣ дар доираи сафари Хонум Амина Муҳаммад ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон барои ифтитоҳи Конфронси сатҳи баланд оиди оби тоза баргузор гардид.

IMG_8432

Хонум Амина ҳамчунин илова кард, ки мушкилии хушунати хонаводагӣ на танҳо дар Тоҷикистон балки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дошта, мушкилии рақами як, яъне мушкилии “сӯзон” маҳсуб меёбад. Барномаи “Нури рӯшноӣ” барои пешгирӣ ва маҳви чунин хушунат дар Амрикои Лотинӣ, Африқо, Ҷазираҳо, Осиё. Лозим ба ёдоварист, ки  ввалин нафароне, ки зери хушунат қарор доранд, кӯдакон мебошанд, ки бешатр ба хушунат дучор мегарданд. Яке аз сарчашмаҳои хушунат ин камбудии иқтисодӣ мебошад, ки ҷабрдидаи мустақими ин ҳолат аксаран зан маҳсуб меёбад, зеро бо сабаби набудани ҷои кор, даромади оила метавонад  бузургтар шавад, қайд намуд ӯ.

IMG_7311

Амина Муҳаммад дар ин сафараш аз рафти кор бо занҳои хушунатдида дидан карда, бо роҳбарони лиҳаҳои хурд, ки бо ташаббуси глобалии «Нури рӯшноӣ» (Spotlight) дастрас намудани хизматрасонии тиббиро барои аҳолии маҳаллӣ дастгирӣ мекунад, суҳбати ошкоро намуд.IMG_8432

Дар идома суҳбат аз он иҳзори таасуф кард, ки афзоиш ёфтани хушунати хонаводӣ дар сатҳи баланд рафта, танҳо дар 2,5 соли гузашта хушунати ҷинсӣ дар ҷаҳон хеле зиёд шудааст, ки онро метавон як пандемияи “хомӯш” ном ниҳод.

Хусрав, хатмкардаи мактаби гендерӣ буда, дар қатори дигар ҷавонон дар доираи “Нури рушноӣ” таълим гирифта, дар доираи лоиҳаи хурд усули ҷадидро роҳандозӣ намуданд. Тавре худи Хусрав қайд кард, ки барои пешгирӣ ва ҳал намудани ин масъала, корро бо мақомоти маҳалӣӣ ба роҳ мондааст, ки то андозае натиҷаи дилхоҳ низ додааст.

Ба мисли Хусрав ҷавонҳои дигар низ дар ин вохӯрӣ ширкат дошта, то куҷо сами назаррас доштани фаъолияти худро барои паст кардани сатҳи гирифторони хушунати оилавӣ гуфта гузаштанд.

Ин ташаббуси муштарак, ки аз ҷониби шарикии Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ мешавад ва  ҳадафи асосии он то соли 2030 барои коҳиш додани зӯроварии ҷинсӣ ва зӯроварӣ бар асоси гендерӣ алайҳи занон ва духтаронро дорад. 

Тибқи иттилои дафтари СММ дар Тоҷикистон, танҳо дар соли 2021, 2 миллиону 200 ҳазор нафар аз хизматрасониҳои гуногуну муҳими тиббӣ дастгирӣ кардааст ва Амина Муҳаммад низ ин нуқтаро қайд карда, гуфт ки СММ ӯҳдадор аст, ки таъмини хизматрасониҳои заруриро ба ҳамаи занон ва духтарон, бо таваҷҷӯҳ ба онҳое, ки осебпазиртарин ҳастанд, дастгирӣ намояд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД