Sebiston new 2024 october
Ҳамдардии кишварҳо бо мардуми тоҷик
455

Сардор Бердимухаммедов, раҳбари Туркманистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиие, ки дар кишвар боиси талафоти ҷониву харобиҳои зиёд гардид, номаи изҳори тассаллӣ ирсол кардааст. Дар ин бора расонаҳои расмии Туркманистон хабар доданд.

Ба иттилои расонаҳо, раҳбари Туркманистон аз номи мардум ва ҳукумати кишвараш ва шахсан аз номи худаш ба мақомоти Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст.

“Дар ин лаҳзаи сангин ба тамоми аҳли оила ва наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ мекунам ва хоҳони шифои комили ҳарчи зудтар бе захмбардоштагону мебошам”, - навиштааст Бердимухаммедов.

Ҳамзамон, Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев низ ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар дар робита ба талафоти ҷонӣ бар асари боришоти шадид дар ҷумҳурӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти намояндагии дипломатӣ, сафир дар барқияи худ гуфтааст, ки Русия бо мардуми оҷик ҳамдард аст.

“Аз номи худам ва тамоми кормандони сафорати Русия дар Тоҷикистон таслияти самимии худро баён мекунам”,- қайд кардааст Григорев.

Ёдовар мешавем, ки 27 август бар асари боридани борони зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 13 нафар одамон, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд.

Дар робита ба ин мусибат, ҳамон рӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД