Дирӯз дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамбасти Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ “Парасту-2023” ва супурдани ҷоизаҳо ба ғолибон баргузор гашт...
Ҷойи аввал дар наминатсияи “Спектакли беҳтарин” ба намоишномаи “Пораабри сафеди Чингизхон”- и Театри акадамӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ сазовор дониста шуд. Намоишномаи мазкур аз рӯйи қиссаи “Параабри сафеди Чингизхон”-и нависадаи машҳур Чингиз Айтматов дар тарҷумаи Низом Қосим таҳия шуда, онро саркоргардони театр Султон Усмонов ба саҳна гузоштааст. Нақшҳои асосиро дар намоишнома ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Фирӯз Умаров, Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон Исфандиёр Ғуломов, ҳунармандони ҷавону умедбахш Салоҳиддин Шукуров, Гулмира Аҳрорзода ва дигар ҳунармандони театр офаридаанд.
Ҷойи дуюм насиби намоишномаи “Зол ва Рудоба”-и театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар гашт, ки онро коргардон Баҳром Қурбонзода аз рӯйи достонҳои шоҳномаи безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ ба саҳна гузоштааст.
Ҷойи сеюмро намошномаи “Савдо”-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ гашт. Намошномаи мазкурро коргардон Умед Хисравов таҳия намудааст.
Шоҳҷоизаи озмун насиби намоишномаи “Мастер и Маргарита”-и Театри Давлатии драммаи русии ба номи Маяковский гашт, ки онро Хуршед Мустафоев ба саҳна гузоштааст.
Ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” ба Моҳпайкар Ёрова ва ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ба Ҷобиризо Қурбоншоҳ” супурда шуд.