sebiston july new
Амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ дар бемориҳои асаб ва мағзи сар
592

Дар шуъбаи ҷарроҳии асаби калонсолони Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” аз ҷониби ҷарроҳони ватанӣ ва дар якҷоягӣ бо ҷарроҳи варзида аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Масуди Шервонӣ дар бахши ҷарроҳии асаб боз ду ҷарроҳии мураккаб гузаронида шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ҷарроҳии аввал гирифтани чураи гардан ва гузоштани кейч дар байни муҳраҳои Сб С7 буда, ҷарроҳии дуюм дар омоси қисми болоии ҳароммағз ва майнаи сар гузаронида шудааст.

- Хушбахтона, пас аз гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ҳолати беморон хуб мебошад. Ҳамзамон, табибони шуъбаи ҷарроҳии асаби калонсолони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” низ якҷо бо ҳамтоёни хеш аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мағзи сар ду ҷарроҳии мураккабро анҷом доданд. Ҳарчанд чунин амалиётҳои ҷарроҳӣ дар шуъбаи мазкур қаблан низ анҷом дода мешуданд, вале якҷо бо ҷарроҳони шинохтаи хориҷӣ гузаронидани ингуна амалиётҳои нодир ба боз ҳам баланд бардоштани донишу таҷриба ва малакаи ҷарроҳони ватанӣ мусоидат хоҳад кард,- меафзояд манбаъ.

Тавре масъулини шуъбаи мазкур иттилоъ додаанд, дар ин ҷо баҳри гузаронидани нодиртарин амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ дар самти табобати бемориҳои мағзи сар дастгоҳу таҷҳизоти муосир фароҳам оварда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД