Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардидааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суҳбат бо роҳбарияти ноҳия ва кишоварзон Раҷаб Аҳмадзода таъкид кардааст, ки пахта ашёи муҳим барои соҳаи саноат ба ҳисоб рафта, ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи он ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия таъсири мусбат мерасонад. Таъкид гардидааст, ки ҳамарӯза беш аз 14 ҳазор нафар саҳмдорону ҳашарчиён дар саҳро ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошанд.
Бино ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар майдони 10 ҳазору 128 гектар замин кишти пахта анҷом дода, ният доранд, ки беш аз 30 ҳазор тонна “тилои сафед” истеҳсол намоянд. Нақшаи истеҳсоли пахта барои соли ҷорӣ 27 ҳазору 391 тонна муайян гардида, то санаи 23-юми октябри соли 2025 дар ноҳия 21 ҳазору 873,4 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 79,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.