Барои як ҷавон рехтани дарди дили худ болои коғаз ва фиристодани он ба идораи ҳафтавор, кори осон нест, вале маро чанд рӯз боз андешаҳои печида азоб медиҳанду намедонам сарамро ба кадом дар занам. Аз ин рӯ, қарор додам, ки ҳар чӣ бодо бод, равзанаи рози диламро пеши хонандагони закии ҳафтавори «Оила» мекушоям..
Рақамҳои муборак
Бо духтараки зебое тариқи телефон шинос шудам, шиносоиямон низ тасодуфӣ буд. Ман ба духтари амакам, ки дар беморхонае ба ҳайси хоҳари шафқат кор мекунад, занг задаму баъди алло гуфтан телефонаш хомӯш шуд. Азбаски кори зарур доштем, баъди чанд дақиқа ӯ бо рақами дигар занг заду мо гуфтугӯ кардем, чанд рӯз пас ман боз ба апаам занг задам, ӯ гӯширо набардошт. Ҳамон рақамҳои зангзадаашро ҳифз карда будаму бо онҳо занг задам, аз он тараф овози маҳини духтаронае ҷавоб дод. Чун ман апаамро пурсидам, ӯ гуфт, ки “Ҳа, як бор апаатон аз телефони ман занг зада буданд, зеро ӯ мизоҷи ман асту куртаҳояшро медӯзам, акнун ӯро аз куҷо ёфта, ба шумо диҳам?” Ин сухани шӯхиомези духтарак далерам карду гуфтам, агар апаамро ёфта надиҳӣ, туро рафта мехурам! “Девона”- бо ханда ҷавоб дод духтарак ва телефонашро хомӯш кард… Овози ширину шӯхиомези духтарак дар марзи пиндорҳоям донаи ишқу муҳаббат корид. Ба ин садо ошиқ шудам, духтаракро надида бошам ҳам, ӯ дар назарам мисли фаришта ҷилванамоӣ мекарду хотирамро парешон менамуд. Ишқи аввали ман як ҳамсинфам буд, ки меҳри маро напазируфта, бо ҷавони як сол аз худаш хурд муҳаббат варзиду хонадор шуд. Баъди ин, ман ба духтарон бовар надоштам, бо чанд кас гап мезадам, вале ба соҳиби овози ширин ошиқ шудам…
Ишқи телефонӣ
Ман ҳар рӯз ду-се бор занг мезадам, вале аз он тараф ба ҷойи овози ширини маликаи ормонҳоям садои гуд- гуд меомаду халос. Духтарак телефонашро хомӯш мекард ё намебардошт. Мо аз оилаи мардони тақводорем, аз ин рӯ, шарм медоштам аз апаам дар бори дӯзандааш ягон чиз пурсаму диламро оромиш бахшам. Баъзан фикр мекардам, ки шояд духтараки ангорҳои ман шавҳар дошта бошад? Аммо занг заданро то даме давом додам, ки духтарак телефонро гирифту гуфт:
-Э Худое, чаро хирагӣ мекунед.
Ман аз ӯ илтимос кардам, ки ҳарфи диламро гӯш кунад ва ба ӯ изҳори ишқ кардам. Духтарак бо ҳайрат гуфт:
-Ман ба ишқи телефонӣ бовар надорам, чӣ хел маро нодида, ба ман ошиқ шудаӣ, аҷиб?
Ман ба ӯ суратамро равон кардам, аммо ӯ не… Ҳамин тавр, ман бо Ҳалима шинос шудам. Баъди ин қариб ҳар рӯз ба духтарак занг зада, ҳамроҳаш сӯҳбат мекарадам ва оҳиста-оҳиста бо ҳам унс гирифтем… Сӯҳбатҳои мо аз доираи одобу ахлоқ берун набуданд. Мо дар бораи ҳама чиз ҳарф мезадем, ба ҷуз ишқ… Ман ғоибона апаву акаҳои ӯ, ҷиянчаҳояш, сагу гурбаашонро мешинохтам. Ӯ низ дар бораи кору бори ман огаҳӣ дошт. Ҳалима аз он ки ман дар синни бисту панҷ солагӣ соҳиби хонаи алоҳидаю тиҷорати худ ҳастам, хурсанд мешуду мегуфт: “Агар одам ҳалол бошаду аз меҳнат натарсад, соҳиби ҳама чиз мешавад. Акаҳои ман ба хондани духтарҳои оила монеа эҷод мекунанд, аз ин рӯ, ману апаам ҳар ду дузандагӣ омӯхтем, то мутаҳҳами касе набошем”.
Шарти волидон
Ман дар деҳа ба воя расида бошам ҳам, аз понздаҳсолагӣ ҳаётамро ба шаҳр пайвастам. Амакам тиҷорати либосҳои занона дорад, бо хоҳиши ӯ ман ба шаҳр омада, ба ҳайси фурӯшанда дар як мағозааш ба кор даромадам. Пас аз дарс ба савдо машғул будам, мактаби миёна ва донишгоҳро дар шаҳр ба итмом расонидам. Тамоми нозукиҳои савдоро ёд гирифтаму мағозаи худро кушодам, амакам барои хизматҳои софдилонаи ҳафтсолаам бароям хонаи дуҳуҷрагӣ харида дод, мошину ҷиҳози хонаамро худам харидам. Акнун ба хориҷа рафта бор меовардаму савдо мекардам. Падару модарам мехостанд як духтараки хубро ёфта, маро оиладор кунанд, зеро ҳама акаю апаю хоҳарҳоям оиладор ва соҳиби зиндагии худ буданд. Ростӣ, хушдорони зиёд доштам, баъзе занон рӯирост ба хонаи амакам омада, мегуфтаанд, ки агар ҷиянатон хоҳад, мо духтарамонро медиҳем. Таъриф нашавад, домоди серхаридор будам, аммо ягон духтар маъқулам намеомад, танҳо ба овози Ҳалима ошиқ будам ва дар дил аҳд кардам, ки новобаста аз ҳусни зоҳирияш бо вай хонадор мешавам. Бисёр мехостам вохӯрӣ кунем, аммо вай розӣ намешуд, ман низ интизор будам ҳамон рӯзи саидро. Аммо як рӯз модарам ба шаҳр, ба хонаам омаду маро наздаш шинонида гуфт:
-Синнат ба бисту ҳашт расидааст, дар қишлоқ ҳама рафиқонат алаккай оила бунёд намудаанду соҳиби бачу кач шудаанд, ба ту як моҳ муҳлат ё худат ҳамсари ояндаатро ёфта, ба мо мегӯйӣ, хостгорӣ меравем, ё худамон меёбем! Модарам ду рӯз дар хонаи ману амакам меҳмон шуда, ба деҳа баргаштанду маро ба андеша монданд…
Вохӯрии тақдирсӯз
Ҳалима баъди як соли сӯҳбати телефонӣ, шарти волидони маро шунида, розӣ шуд, ки бо ман аз наздик дидор бинад. Мо дар боғи ботаникии пойтахт бо ҳам вохӯрдем, ӯ бо либосҳои миллии тоҷикӣ назадам омад ва ниҳоят зебо буд. Ҳалима аз он духтаре, ки ман дар хаёлам мепарваридам садҳо маротиба зебо буд. Ман ба ӯ таклифи хонадоршавӣ кардам, ӯ гуфт ки хостгоронамро фиристам. Падару модарам мехоҳанд маро ба писари як хешамон диҳанд, аммо ӯ ба ман маъқул нест, бо шумо як сол боз гап мезанам, то ҷое чӣ гуна одам буданатонро ҳам фаҳмидам, хулоса ба ман писанд омадед ва бо шумо хонадор мешавам- пӯсткандаи гапро гуфт маҳбубаи телефониям ва илова кард. Ман дар донишгоҳ ғоибона мехонам ва дӯзандагӣ мекунам, метавонам дар кашидани бори зиндагӣ ба шумо кӯмак намоям, Худо хоҳад, ҳамааш хуб мешавад. Бовар дорам, ки падару модарам ҳаргиз розӣ намешаванд, маро ба ҷавони тамоман бегона диҳанд, вале ман кӯшиш мекунам, онҳоро ризон намоям…
Боақлона гап задани духтарак ба ман писанд омад, шарму ҳаё ва ҳусну ҷамоли беҳамтояш низ, аммо дилам аз духтарони ин замона пур, ки нест чунин шарт гузоштам:
-Аввал ҳардуи мо ба назди духтур меравем, духтури шиноси ман, зеро духтарон ҳар гуна ҳилла карда, баъд аз духтурони шиноси худ справкаи «бегуноҳӣ» гирифта, писарони соддаро гул мезананд… агар ту бокира бошӣ, рӯзи дигар хостгоронамро мефиристам, Худо хоҳаду зани ман шавӣ, туро хушбахти дунё мекунам! Ранги рӯйи Ҳалима бо шунидани таклифи ман сап-сафед канда, лабонаш пир-пир париданду якбора оташи ғазаб дар чашмонаш дурахшиду гуфт:
–Э гум шаве, аблаҳ,- гӯён, бо ғазаб аз наздам дур шуд.
Ман аз пушташ рафта, зорияш кардам, ки маро хуб фаҳмад, аммо ӯ дигар бо ман ҳарфе задан нахоста, таксиеро киро карда рафт. Инак, як моҳ боз телефонаш хомӯш аст… Сари ман бошад, аз андешаҳои зиёд хонаи занбӯр гаштааст, Ҳалима бароям зиёд маъқул аст. Аммо сабаби ғазаби ӯро нафаҳмидам, ё ӯ бокира набуд?! Агар ба худаш боварӣ медошт, чаро қаҳраш кард…
Аҳмадшоҳ