arzon replenishment
Аҳмади Масъуд дар куҷост: Тоҷикистон ё Лондон?
2723

Номи писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд-Аҳмади Масъуд баъди забти сарзамини азияткашидаи Афғонистон аз ҷониби нерӯҳои “Толибон” дар сархати хабарҳои тамоми расонаҳои ҷаҳон қарор дорад. Хабарҳо дар бораи он ки Аҳмади Масуъд хоки Афғонистонро тарк намудаву аз берун Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистонро идора менамоянд, тез-тез паҳн мешаванд, аммо...
Барҳақ гуфтаанд, ки аз шер танҳо шербача мерӯяд, ин ҷавонмарди шердилу шернажод пеши нерӯҳои хунхори “Толибон” сар хам накарда, ватандорони асилро дар атрофи худ ҷамъ намудааст ва то кунун муборизаро алайҳи “Толибон” дар Панҷшер идома медиҳад. “Толибон”бо кӯмаки ҳавопаймоҳои бе сарнишин ва яроқу аслиҳаи аз ҷониби хоҷаҳои хориҷиашон фиристода шуда тавонистанд маркази Паншер-ягона вилояти озод дар Афғонистонро ишғол намоянд, аммо ҳамоно деҳаҳои зиёде дар минтақаҳои баландкӯҳи дараи мазкур боқӣ мондаанд, ки зери назорати Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон бо сарварии Аҳмади Масъуд қарор доранд.
Худи Аҳмади Масъуд дар куҷост ва чи тавр ҷабҳаро роҳбарӣ мекунад?-Ин саволест, ки бисёриҳо ба он ҷавоб меҷӯянд.
Спутник-Тоҷикистон дар такя ба ахбори ТАСС хабар додааст, ки айни замон Аҳмади Масъуд дар Тоҷикистон қарор дорад ва барои идома додани мубориза алайҳи “Толибон” аз кишварҳои ҳамсоя кӯмак хоста истодааст.
“Раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд алъон дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин бора рӯзи душанбе, муовини собиқи волии вилояти Панҷшер Кабир Восиқ ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст”-менависад Спутник ва гуфтаҳои Восиқро иқтибос меорад:.
"Аҳмад Масъуд ҳоло дар Тоҷикистон аст, аммо гоҳ-гоҳ ба Афғонистон сафар мекунад ва дар онҷо бо воҳидҳои муқовимат дар манотиқи мухталифи кишвар мулоқот мегузаронад..."
Ба гуфтаи Кабир Восиқ Аҳмади Масъуд дар ҳоли ҳозир саъй дорад, ки дар муқовимат бо ҷангиёни "Толибон"* аз кишварҳои мухталиф кумак дарёфт кунад.
Барои тасдиқи ин хабар мо ба роҳбари “Ориёно”-намояндагии гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон Абдулмусаввир Баҳодурӣ занг задем.
Оқои Баҳодурӣ хабари дар Тоҷикистон будани роҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистонро рад карда, гуфт Аҳмади Масъуд дар Лондон қарор дорад ва то вақте ҷон дар бадан дорад, муборизаро алайҳи “Толибон” ба хотири Афғонистони озод идома хоҳад дод.
Ёдрас мешавем, ки баъди сари қудрат омадани “Толбион” авзоъ дар сарзамини ситамкашидаи Афғонистон, ки беш аз 40-сол боз оташи ҷанги тақдирсӯз дар қаламраваш хомӯш намегардад, боз ҳам сахттар гаштааст. Аз як тараф ҷангу хунрезӣ ва бедодгариҳои “Толибон” ва аз ҷониби дигар қаҳтию гуруснагӣ ба мардум сахт фишор оварда, кор ба ҷое расидааст, ки волидон ба хотири аз марги ногузир наҷот додани фарзандонашон кӯдакони хурдсоли худро фурӯхта истодаанд. Созмонҳои байналмиллалӣ бонги изтироб мезананд, ки дар сурати дахолат накардани дигар давлатҳо ва тағъйир наёфтани авзоъ дар ин кишвар ба миллионҳо сокинони Афғонистон марги ногузир бар асари қаҳтию гуруснагӣ ва хунукӣ таҳдид менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД