arzon replenishment
Ҳам камарбанди қаҳрамонӣ ва ҳам BMW муборак бошад!
173

Санаи 23-юми майи соли 2025 дар қалби Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мусобиқаи “Шоми бокс” баргузор гардид. Ин чорабинии муҳими варзишӣ бо иштироки муштзанҳои маъруф ва муаррифии дастовардҳои назарраси варзишгарони тоҷик доир шуд.

Муштзани номдори тоҷик Баҳодур Усмонов дар рақобати асосӣ бо нокаути даври сеюм ба Алберт Пагара аз Филипин камарбанди қаҳрамониро соҳиб шуд. Президентии Ассотсиатсияи байналмиллалии бокс Умар Кремлёв мошини тамғаи BMW-M5-ро ба Баҳодур Усмонов туҳфа кард.

Дар навбати дигар Давлат Болтаев дар мусобиқаи “Шоми бокс” бо мағлуб кардани қаҳрамони Африқо Мвого Амугу камарбандро соҳиб шуд.

Мусобиқаи “Шоми бокс” дар Душанбе на танҳо як чорабинии варзишӣ, балки як намоиши қудрати муштзанҳои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буд. Ғалабаҳои варзишгарони мо нишон доданд, ки Тоҷикистон дорои истеъдодҳои бузург дар соҳаи бокс ва дигар варзишҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД