Formula september
Ҳалокати кампири 77-сола дар садамаи нақлиётӣ
656


Рӯзи 8-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ-525», Ғаниев Бахтиёр Алиевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Спитамен-Ғулакандоз» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сутуни чапи дарвозаи даромадгоҳи ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи мазкур бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашина Авезова Розия Мавлоновна, соли таваллудаш 1945, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Худи ронанда, Ғаниев Б.А. ва мусофирони автомашинаи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД