arzon replenishment
Ҳалокати 55 нафар дар ҳодисаҳои нохуш
1433

 Дар вилояти Суғд бар асари ҳодисаҳои нохуши истеҳсоли дар солҳои охир 55 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки ин нишондиҳанда бисёр ташвишовар аст.

Шарифулло Абдуллозода, раиси иттифоқҳои касаба дар Вилояти Суғд ин нуктаро зикр намуда, гуфт, барои саҳлангорию беэътиборӣ 645 нафар корфармоён гӯшмол гирифтаанд. Дар рафти санҷишҳои дар 4148 корхонаю ташкилотҳои ҳудуди вилояти Суғд гузаронида шуда 11518 қонуншиканиҳо оид ба меҳнат ошкор шуда, гунаҳкорон ҷазо гиирфтаанд. Абдуллозода гуфт, ҳодисаҳои нохуш дар вилояти Суғд бештар дар соҳаи сохтмон, саноат, маъдан, савдо ва нақлиёт ба қайд гирифта мешаванд.

Зан аз ангушташ маҳрум гашт, вале...

Яке аз чунин ҳодисаҳо соли 2020 дар яке аз корхонаҳои коркарди пахтаю ресандагӣ рӯй дода буд ва мо роҳ ҷониби ин корхона пеш гирифтем, то сабабҳои ҳодисаро фаҳмем, аммо чун “анъана” бо мақсади пинҳон кардани камбудӣ роҳбарият нахост журналистонро қабул кунад. Аниқтараш хабардор шудани мо аз ҳодиса “кайки дар пӯстини роҳбарон”даромадаро мемонд.

Дар Конфренсияи 19-уми Шӯрои иттифоқҳои касаба дар вилояти Суғд омори ҳодисаҳои нохуш дар соҳаи сохтмон ва фавти 55 нафар аз беэҳтиётиро шунида, беихтиёр чӣ тавр ба он корхона рафтанамон ба ёдам расид.

-Ёдам ҳаст, ки 12-уми феврали соли 2020 ба он корхона рафта будем. Мақсади ба ин корхонаи рафтани мо муайян кардани сабабҳои ҳодисаи нохуши ба сари як зани коргари ҳамин даргоҳ буд, зеро аз рӯйи шунидамон дасти Муҳаббат ном коргари ин корхонаро ҳангоми кор дастгоҳ ба қавли мардуми Хӯҷанд “кашола карда” зани бечораро маъюб гардонидааст.

Ману ҳамкорам барои бо роҳбари корхона оид ба ин ҳодиса сӯҳбат кардан ва худи ҳамон дастгоҳро дидан ба коргоҳи зикршуда рафтем. Дар даромадгоҳ посбон менишаст. Худамонро муаррифӣ кардем ва ӯ ба сардораш занг зада, баён дошт, ки журналистон омадаанд. Камтар пас як ҷавон, ки худро сардор муаррифӣ карда бошад ҳам, ному насабашро нагуфт, назди мо омад ва ба саломамон нимакола алайк гирифта гуфт:

-Мана ман роҳбари корхона. Ким шумоҳон?

-Мо журналистон оид ба масъалаи агушти дасти Маҳаббат ном коргаратонро буридани дастгоҳ хостем бо шумо сӯҳбат кунем.

- Ким шумоба ин хел маълумотоя метияд? Ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ мешад-де. Ин ҳодиса дар корхона шудагӣ не,- гӯён роҳбар ду пояшро дар як мӯза андохта, ҳодисаро пинҳон карданӣ буд, дар ҳол, ки мо аксу сабти занро дар даст доштем.

Вақте исрор намудем, ки ҷабрдида шиноси мост ва комилан боварӣ дорем, ки ҳдиса дар корхона рӯй додааст, рӯй турш карда гуфт:

-Ҳама ёрдамро карда истодем бо чи кор кунем? Ман кай донам, ки шумо аз куҷо?

Ҳарду ҳуҷҷатҳои журналистиямонро нишон додем, аммо ин роҳбари корхона ба ҷои баъди ҳуҷҷатро дидан муносибаташро дигар кардан, ба посбон амр намуд:

-Амак, броред инҳоя. Дигар даромданба намонед!

Ҳам ҷабру ҳам таҳдид

Ҳамон вақт ҷавони роҳбарнамо инро гуфту калон-калон қадам зада сӯи кабинеташ рафт.

Ноилоҷ ба микроавтобус нишаста ба самти корхонаи худамн равон шудем, аммо аз байн ҳамагӣ 4-5 дақиқа нагузашта худи Муҳаббат, яъне ҳамон зани ҷароҳат бардошта занг зада зорикунон гуфт:

-Илтимос, мана аз як бурда нонам маҳрум накунетон. Илтимос, ҳеҷ чи нанвисетон. Роҳбарам дағалӣ карда бошанд, ман ба ҷои он кас узр мепурсам. Ҳозир манба занг зада ҷанг шудан, ки чиба ба журналисто гуфтӣ ҳодисаро...

Рафтани мо “кайк афтодан ба пӯстин”-и роҳбари дағал шудааст ва ба ҷойи он ки мисли дигар роҳбарон моро ба ҳуҷраи корияш даъват намуда, одам борин сабабҳои ҳодисаро фаҳмонад, моро аз дами дар пеш карда, баъд ба коргараш занг зада таҳдид кардааст.

Хулоса, баъдан масъулини мақомоти прокуратураи вилояти Суғд ба мо иттилоъ доданд, ки дар робита бо ин масъала масъули тахникаи бехатарии коргоҳ муҷозот шудааст, вале бояд чунни ҳодисаҳо ба дигар рҳбарон дарси ибрат гашта, пайи бехатарии кормандони хеш тамоми чораҳои заруриро биандешанд.

Чанд рӯз пеш барои ҳавои тоза гирифтан ба балкон баромада аз ошёнаи 10-уми Кохи матбуот дидам, ки ду зан мардвор дар баландошёнаи сохтмонаш нотамом дар микроноҳияи 20-уми шаҳри Хуҷанд кор карда истодаанд. Дирӯз баъди омори Раиси иттифоқҳои касаба дар вилояти Суғдро ба даст гирифтан боз сари тақдири ин ду зан андешидам, ки дар баландии бино истода кор мекарданд. Худо накунаду кас аз чунин баландӣ ба замин афтад, ҷо ба ҷо мемирад ё як умр маъюб шуда мемонад....

 

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД