Ҳалокати 13 нафар бар асари сӯхтори шадид дар Гонконг
86

Ҳалокати 13 нафар бар асари
сӯхтори шадид дар Гонконг
Дирӯз, 26 уми ноябр дар як бинои баландошиёнаи Гонконг сухтори бениҳоят шадиде рух додааст,ки боиси ҳалокати 13 нафар ва ҷароҳат бардштани 15 нафар гашт.
Ба гуфти мақомоти маҳаллӣ, беш аз 700 сӯхторхомӯшкунандагон барои хомӯшсозии оташ даст ба кор шудаанд. Сокинони биноҳои осебдида ба паноҳгоҳҳои муваққатӣ интиқол ёфтанд. Сабаби сӯхтор то ҳол маълум нест, аммо ба гуфтаи масъулин паҳншавии босуръати он ба сабаби истифодаи чӯб дар бомҳои бино мебошад.
Гуфта мешавад, ки 9 нафар дар ҷои ҳодиса ва 4 нафари дигар пас аз интиқол ба беморхона ҷон бохтаанд. Дар байни ҳалокшудагон як нафар аз сӯхторхомӯшкун низ ҳаст.
Ин бинои оташгирифта аз ҳашт блок иборат буда, тақрибан 2 ҳазор манзил ва ҳудуди 4 ҳазор сокин дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД