arzon replenishment
Қаллобӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ
335

Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки қаллобон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро фиреб дода, кӯшиши ба даст овардани маблағҳои пулии онҳоро намуда истодаанд.

Онҳо аз номи бонк ба истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ эълонҳои бардурӯғ равон карда, хоҳиш мекунанд, ки маълумотҳои шахсӣ, код ва рақами корти худро фиристанд. Дар сурати фиристодани ин маълумотҳо қаллобон маблағҳои пулии шуморо аз худ карда метавонанд, бинобар ин Бонки миллӣ аз тамоми сокинони кишвар хоҳиш кардааст эҳтиёт бошанд.

Таъкид шудааст, ки Бонки миллӣ ба ин эълонҳо ягон алоқамандӣ надорад ва шаҳрвандон набояд маълумотҳои махфиеро, ки ба корт ва дигар амалиётҳои бонкӣ далх доранд, ба шахсони сеюм бигӯянд ё равон кунанд.

Дар сурати пайдо шудани саволҳои иловагӣ доир ба ин масъала шумо метавонед ба телефони боварии Бонки миллӣ бо рақами зерин занг занед: 44-600-15-20.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилии кишвар низ аз қаллобӣ тариқи интернет хабар додааст. Ба навиштаи ин ниҳод қаллобон барои ба доми худ афтонидани одамон усулҳои гуногунро ба кор бурда, бо роҳи паҳн намудани эълонҳои фурӯши ҳар гуна молу маҳсулот ё хизматрасониҳо маълумоти махфиро ба даст меоранд ва аз кортҳо маблағҳои пулии шаҳрвандонро медузданд. ВКД ҳушдор додааст, ки сокинони кишвар аз қаллобони интернетӣ эҳтиёт бошанд. Вақте ки ба шумо ягон молу маҳсулот ё хизматрасониро тариқи интернет пешкаш намуда, талаб мекунанд, ки маблағи онро пешакӣ пардохт намоед, ҳушёр бошед, зеро ин метавонад фақат як доми фиреб бошад.

Вазорати умури дохилии кишвар тавсия додааст, ки шаҳрвнадон маълумотҳои шахсии худро ба касе надиҳанд ва ба одамони ношинос пул нагузаронанд. Барои ҳимоя намудани маблағҳои пулии худ шумо бояд ба қоидаҳои зерин риоя намоед:

1. Ҳақиқӣ будани эълон ё хабареро, ки ба шумо тариқи СМС ё ягон шабакаи иҷтимоӣ мефиристанд, санҷед.

2. Маълумотҳои шахсии худро (нусхаи шиноснома, рақами корт, код ва ғайра) ба касе нагӯед ва тариқи интернет равон накунед.

3. Ҳеҷ гоҳ ба шахсони ношинос барои моле, ки ҳанӯз нагирифтаед, пул равон накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД