Ҳарчанд қаблан ҳам ба мо зиёд сокинони шаҳри Панҷакент аз “алик-малик”-бозони назди бозори калони ин шаҳр, ки бо номи "Латтабозор" маъруф аст, шикоят карда буданд, вале то ҳол масъулони ин шаҳр ба шикояти сокинон расидагӣ накардаанд.
Имрӯз низ яке аз журналистони сомонаи Oila.tj зимни сафар дар шаҳри Панҷакент бо 5 нафар аз ин “алик-маликбозон”-и назди бозор вохӯрд. Як нафари онҳо бо ин бозӣ машғул асту чор нафари дигар - се марду як зан барои ҷалби мардум аз номи мардум гӯё бозӣ доранд.
Журналисти сомонаи мо аз мардум хоҳиш мекунад, ки бозӣ накунанд, вале “алик-маликбозон”-и назди ин бозор мегӯянд, ки “кори худро дон!”. Журналисти сомонаи мо мегӯяд, ки ин бозӣ тибқи қонун мумкин нест, вале онҳо мегӯянд “кадом қонун? Аз рӯи асоси кадом қонун ба мо гап мезанӣ? Дар ягон қонун манъ нашудааст. Касеро хоҳӣ, биёр, мо гап мезанем. Тӯли 20 сол аст мо дар инҷо кор мекунем. Чӣ кор аз дасташон меояд? Боздошт кунанд ҳам, танҳо 160 сомонӣ ҷарима мекунанд. Мо боз корамонро идома медиҳем. Беҳуда худатро ташвиш надеҳ. Ба касе лозим шавад, мо суҳбат мекунем. Ту мардакӣ, ба ин чизҳо сарукор нагир”.
Мо умедворем, ки масъулони ин шаҳр ин бор бо ҷиддият ба мавзӯи мазкур муносибат хоҳанд кард.