toyota motors
Ҷаласаи сайёҳӣ дар Озарбойҷон ва иштироки ошпазҳои тоҷик дар фестивал
26

Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, дар шаҳри Шушаи ин кишвар ҷаласаи 7-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ оид ба сайёҳӣ доир шудааст. Дар доираи он эъломияи шаҳри Шуша қабул ва расман пойтахти сайёҳӣ оид ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соли 2026 эълон гардидааст.

Дар ҷаласаи мазкур сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон ва коршиноси Кумитаи сайёҳӣ иштирок намудаанд. Дар ин ҷаласа масъалаҳои рушди устувори сайёҳӣ, гуногунсозии сохтори сайёҳӣ ва ҳамкории минтақавӣ баррасӣ гардидаанд.

Инчунин фестивали хӯрокҳои милии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор ва намунаи ҳамаи таомҳои миллии кишварҳо муаррифӣ гардидааст. Ошпазҳои моҳири тоҷик аз маркази Оши шаҳри Душанбе иштирок ва намунаи хӯрокҳои анъанавии миллии тоҷикиро пешниҳод намуда, сазовори баҳои баланди иштирокчиён шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД