arzon replenishment
Ҷаласа оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо
30.12.2024
ОИЛА.ТҶ
409

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо баргузор гашт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, дар кори ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавии миллӣ - шарикон оид ба рушд, намояндагони вазорату идора, кумита ва дигар сохторҳои дахлдори мамлакат иштирок намудаанд.

Тавре зимни ҷаласа зикр гардидааст, ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ буда, дар самти беҳтар намудани солимии аҳолӣ, аз ҷумла солимии модарону кӯдакон нақши муҳим мебозад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани сатҳи ғизо аз соли 2016 “Стратегияи рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027”, “Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024”-ро татбиқ намуда истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 ҳамчун давлати 42-юм ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) шомил гардид. Аз соли 2015 бошад, дар кишвар Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизо фаъолият дорад, ки дар он тамоми намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД