Тими миллии Тоҷикистон, ки дар бозии сеюмаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қатар дар гурӯҳи “А” мунтахаби Лубнонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба даври 1/8 финали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.
Бозии даври охирин дар гурӯҳи “А” миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Лубнон шаби 22- январ дар варзишгоҳи шаҳри Доҳа доир гардид.
Ҳарсеи голҳо дар қисмати дуюми дидор зада шуд. Бассел Ҷрадӣ, бозигари мунтахаби Лубнон, дар дақиқаи 47-ум ҳисобро кушод. Вай тӯбро аз дохили ҷаримагоҳ бо зарбаи сахт ба дарвозаи Рустам Ятимов ворид кард.
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 80-ум ҳисобро баробар намуд. Тӯби аз масофаи дур ва берун аз ҷаримагоҳ задаи ӯ ба нишон расид.
Голи дуюм ва ҳалкунандаи мунтахаби Тоҷикистонро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 90+2 аз дохили ҷаримагоҳ бо зарбаи сар ба самар расонид.
Бояд гуфт, ки ду бори дигар тӯб вориди дарвозаи лубнониҳо гардида буд, вале сардовари бозӣ Муҳанад Қосим Саррай, довари 43-солаи FIFA аз Ироқ, голҳои футболбозони тоҷикро ҳисоб накард. VAR баъди тамошои видео ҳолати нобозӣ ё офсайдро ба қайд гирифт.
Баъди ин сабқат дар радабандии FIFA дар байни 210 тими миллӣ Тоҷикистон мақоми 106-ум ва Лубнон 107-умро касб карданд. Ин аввалин бозӣ миёни ҳарду тими миллӣ буд.
То ҳоло аз 16 дастаи иштироккунандаи даври ҳаштякниҳоии мусобиқот шаштоаш муайян шудааст: Қатар ва Тоҷикистон (гурӯҳи “А”), Австралия (“В”), Эрон (“С”), Ироқ (“D”) ва Арабистони Саудӣ (“F”).
Ёдовар мешавем, ки дирӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари давлатӣ дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар қарор доштанд, бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом доданд. Сарвари давлат ба футболбозони тоҷик ғалаба таманно карда буданд.