Намоишҳои театр ба мисли китобе, ки мо варақ мезанему мехонем қалбу руҳу ҷисми инсонро қувват медиҳад ва ором месозад.
Дирӯз дар театри “Ҷавонон”-и ба номи Маҳмудҷон Воҳидов як намоишномае бо номи “Акстриса” , ки коргардони Қамариддин Мирзоев буд, пешниҳоди бинандагон гардид. Ин намоишнома бозгӯкунандаи ҳаёти як духтарчае, ки дар оилаи камбизоат ба воя расидааст.
Қаҳрамони ин намоишнома ҳунарманди театри "Ҷавонон" Зарина Бадалова буда, кушидааст, ки ҳаёти воқеиро инъикос намояд. Тавре ӯ мегӯяд, мо инсонҳо фаришта нестем, ҳар нафар метавонад, ки ҳам некӣ кунаду ҳам бадӣ. Инсонҳо якранг нестанду панҷ панҷа баробар нест. Ин шом ман на танҳо қалбамро наздатон мекушоям, балки кӯмак мекунам, то ки шумо ҳам ба қалби худ назар кунед. Ҳама инсон дар зиндагӣ дард дорад.
Ин намоишнома лаҳзаҳои хубу хуш ва лаҳзаҳои ғамгини низ дошт, ки тамошобин гоҳе ашк мерехтанду гоҳи дигар механдиданд.
Фарзона Камолова- сокини шаҳри Душанбе вобаста ба намоишнома назари худро чунин баён кард:
-Намоишномаи "Акриса" барои ман ҳамчун тамошобин бениҳоят хуш омад. Заррина Бадалова тавонист дар иҷрои ин нақш ба хубӣ барояд ва дар дили тамошобин он чизеро, ки мехост ворид созад. Дар саҳнаи театр гоҳе хандонаду гоҳе гирёнад. Дар маҷмӯъ ин намоишнома бисёр ҷиҳатҳои тарбиявӣ дошт.
Марҷона Сафарзода- ҳамшираи шафқат
Намоишнома бисёр як намоишномаи хуб буд. Онро тамоми тамошобинон хуб қабул карданд, зеро аз зиндагии як духтараке гирифта шуда буд, ки дар аввал он духтарак касе надошт то ҳамдаму ҳамрозу рафиқаш бошад. Бо ҳар касе мехоҳад дӯсти кунад, онҳо рад мекунанд. Вақте ман ин намоишномаро тамошо кардам гумон кардам, ки ин намоишнома аз зиндагии ман гирифта шудааст.
Дилноза Искандарова- омӯзгор
Барои ҳар тамошобини намоишномаи “Актриса” рӯзу хубу хотирмоне буд. Банда аз ибтидо то интиҳои намоиш тамоми диққати хешро ба ҳар ҳарфу рафтору гуфтору кирдори ҳунарпеша равона карда будам. Ҳамзабон медидам, ки мардум чӣ хуб бо завқи хосса ба сӯи саҳна менигаристанд. Гоҳо ашк мерехтанду гаҳ нигоҳи пурмеҳрашонро аз Актриса намеканданд.Дар охири намоиш ҳамагӣ ба ҳунарпеша таҳсину офарин мехонданду бо ҳам каф мекӯбиданд. Ва ин садои кафкӯбиҳо намоде аз боҷасорату пур аз ҳайсият будани ҳунарпешаро нишон медод. Ин ки мардум аз саҳнаи театр бардошти хубе доштанд, муваффақият ҳунарпеша аст! Мо зиёд насли хушбахтем, ки чунин ҳунарпеша дар саҳнаи театри тоҷик нақшофарӣ мекунанд ва таъсиргузор насли имрӯзанд.